Ифтитоҳи варзишгоҳи нав дар Конибодом дар ҷашни Рӯзи ваҳдат

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Рӯзи 27 июн бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом варзишгоҳи нав бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода мешавад. Дар ин варзишгоҳ ба муносибати 21-умин солгарди Рӯзи ваҳдат ва ризоияти миллӣ чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ. Чорабиниҳо бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ […]

Рӯзи 27 июн бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом варзишгоҳи нав бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода мешавад.

Дар ин варзишгоҳ ба муносибати 21-умин солгарди Рӯзи ваҳдат ва ризоияти миллӣ чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Чорабиниҳо бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, кормандони ҳукумат, аъзои парлумон, аҳли ҷомеаи кишвар ва намояндагони диаспораҳои тоҷикони муқими кишварҳои хориҷи дур ва наздик доир мегардад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи ҳузур дар Конибодом бо иштироки Президенти Тоҷикистон як қатор иншооти таъиноту иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳр вохӯрда, бо кори кишоварзону саноатчиёни шаҳр шинос мешавад.

Ба муносибати ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ санаи 27 июн дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар чорабиниҳои идона доир мегарданд.

Дар ҷашни Рӯзи ваҳдати миллии соли гузашта бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат варзишгоҳи нав бо 25 ҳазор ҷойи нишаст мавиди баҳрбардорӣ қарор гирифт. Ба сохтмони ин варзишгоҳ аз буҷети шаҳри Ваҳдат 47 млн. сомонӣ ва аз воситаҳои ҷумҳуриявӣ – 20 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд.

Санаи 27 июни соли 1997 дар Маскав байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Аз ҳамон замон ин сана ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, 27 июн дар ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.