Тавсияи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба кормандони БДА-и пойтахт

Дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии сардори Раёсат генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо ҳайати шахсии БДА-и пойтахт машварати оперативӣ-хизматӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт зимни суханронии худ иброз дошт, ки бо эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва […]

Asia-Plus

Дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии сардори Раёсат генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо ҳайати шахсии БДА-и пойтахт машварати оперативӣ-хизматӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт зимни суханронии худ иброз дошт, ки бо эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунанрҳои мардумӣ, баҳри дидан намудани маконҳои таърихиву фарҳангӣ, истеъмоли обҳои мусаффову чашмаҳои шифобашх ташрифи шумораи зиёди меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба кишварамон ба маротиб зиёд хоҳад шуд, ки ин яке аз мақсадҳои сиёсати олии кишвар ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз дар баробари густариши корҳои ободонӣ дар пойтахт, ҳамзамон ҳар як корманди милитсия махсусан нозирони БДА-и шаҳри Душанберо мебояд, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани хориҷиён дар баробари хушмуомилагӣ донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ низ бисёр муҳим мебошад.

Дар ҷараёни машварати хизматӣ бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода ҷиҳати бартарафнамоии камбудиҳои роҳу нақлиёт, пешгирии қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ, ҷилавгирӣ аз тамбашавӣ дар роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ҳамзамон ба нозирони роҳ ҷиҳати рафтори дурусту бодиққатона бо шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон сардори Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе подполковники милитсия Қурбонзода С. аз фаъолияти нозирони роҳ ҳисобот дода, зикр намуд, ки баҳри боз ҳам дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолият ҷиҳати иҷроиши уҳдадориҳои хизматӣ ва бартараф намудани камбудиҳои дар машварати оперативӣ-хизматӣ баён гардида, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳанд дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.