Бародари муноқишагар дар ҳавопаймо: «Давлатқадам бемори рӯҳӣ аст»

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Пайвандону наздикони Давлатқадам Давлатқадамов, ки дар ҳавопаймои хатсайри Маскав – Душанбе ба ҷанҷолу муноқиша пардохт, аз он дар ташваишанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таҳқири ӯ оғоз кардаанд. Бародари хурдии ӯ Шамс мегӯяд, Давлатқадам бемории рӯҳӣ дорад.

Ба гуфтаи ӯ, Давлатқадам 25-сола буда, дар ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст. Дар Душанбе дар давраҳои омӯзишии касби халабонӣ (лётчикӣ) дар ДОСААФ таҳсил карда, сипас соли 2013 юа Омӯзишгоҳи касбии ҳавоӣ-техникии Омск дохил мешавад.

«Барои таҳсил дар курсҳои болоӣ барои ӯ шаҳрвандии Русия лозим буд. Шаҳрвандӣ надошт ва дохил шуда натавонист. Ин шояд ба вазъи равонии ӯ таъсир карда бошад. Ду ҳафта пеш ба мо дар бораи бемориаш хабар доданд. Бо шиносҳо гапзанон кардем, ки Давлатқадамро ба Душанбе назди оила фиристанд. Эҳтимол вақти парвоз беморӣ хурӯҷ карда, чунин ҳодиса рух додааст», – иброз дошт Шамс.

Аз ин рӯ, пайвандону наздикони Давлатқадам ба ҳама бо дархости таҳқир накардани ӯ муроҷиат менамоянд. «Дархост дорем, ки одамон ӯро масхараву таҳқир накунанд. Модарам гиря дорад», – гуфт Шамс, вале дар посух додан ба савол дар бораи маҳз ба кадом беморӣ гирифтор будани бародараш душворӣ кашид.

Айни замон нисбати Давлатқадам парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора «Интерфакс» бо истинод ба намояндаи Раёсати байниминтақавӣ дар нақлиёти Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав хабар медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...