Ҷӯрабек Муродов: Иосиф Кобзон натанҳо овозхони шинохта, балки инсони бузург ва дӯсти нек буд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

– Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобзон натанҳо овозхони шинохта, балки инсони бузург ва дӯсти нек низ буда, мо чандин сол бо ҳам дӯсту қарин будем, – гуфт дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов.

“Ман аз Иосиф Давидович панҷ сол хурдтарам, лекин сарфи назар аз ин, ҳамеша ба ман бо “дӯсти ҷавони ман” муроҷиат мекард. Истеъдоди ӯ худодод буд, дар саросари ҷаҳон ҳурматаш мекарданд, даргузашти ӯ натанҳо барои Русия, балки барои тамоми дунё талафоти бузург аст”, – иброз дошт овозхони тоҷик.

Ҷӯрабек Муродов қайд кард, ки моҳи декабри соли 2012 Иосиф Давидович ба ҷашни 70-солагии ӯ ба Душанбе омада, соли гузашта ӯ ба ҷашни 80-солагии Кобзон ба Маскав рафта буд.

“Иосиф Давидович ба фарҳангу ҳунари мардуми тоҷик эҳтироми хос дошт, мо ҳамеша дастгирӣ ва илтифоту меҳрубонии ӯро эҳсос мекардем”, – таъкид дошт Муродов.

Ба гуфтаи ӯ, Иосиф Кобзон аз ҳузуру ҳунарнамоӣ дар ҷойҳои ноамну хавфнок ҳарос надошт.

“Ӯ се маротиба назди сарбозони шӯравӣ дар Афғонистон, чандин бор дар Чеченистони дар ҳалқаи ҷанг қарордошта, Луганску Донетск замони даргириҳо ҳунарнамоӣ карда, солҳои 90-ум замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар Душанбе консерт намоиш дода буд”, – таъкид дошт сароянда.

Иосиф Кобзон санаи 30 август дар Маскав аз олам даргузашт. Тӯли солҳои зиёд ӯ аз дарди саратон азият мекашид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.