Мақомсароёни тоҷикро дар Шаҳрисабз интизоранд

Як гурӯҳи зиёди ҳунармандони Тоҷикистон ба нахустин Форуми санъати Мақом, ки аз 6 то 10 сентябр дар шаҳри Шаҳрисабзи Ӯзбекистон доир мегардад, даъват шудаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон. Ҳайати Тоҷикистонро вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода роҳбарӣ карда, ба ҳайат професорон Аслиддин Низомов, Фароғат Азизӣ, гурӯҳ калони ҳунармандон аз Академияи мақоми […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Як гурӯҳи зиёди ҳунармандони Тоҷикистон ба нахустин Форуми санъати Мақом, ки аз 6 то 10 сентябр дар шаҳри Шаҳрисабзи Ӯзбекистон доир мегардад, даъват шудаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Ҳайати Тоҷикистонро вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода роҳбарӣ карда, ба ҳайат професорон Аслиддин Низомов, Фароғат Азизӣ, гурӯҳ калони ҳунармандон аз Академияи мақоми Тоҷикистон таҳти сарварии Ҳунарманди халқии ҷумҳурӣ Абдувалӣ Абдурашидов шомиланд.

Форуми байнулмилалии санъати мақом бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таҳти сарпарастии ЮНЕСКО баргузор мешавад.

Форум бо мақсади эмин нигаҳдории мусиқии анъанавӣ, пешбурди муколамаи фарҳангӣ, рушди гуногуншаклӣ тавассути дастгирии эчодкорӣ гузаронида мешавад.

Барои иштирок дар форум намояндагони 70 давлат дархост додаанд. Ба Шаҳрисабз 162 нафар иҷрокунандагони мақоми классикӣ аз 29 кишвар омада, рӯйдодҳои чорабиниро рӯзноманигорони 30 кишвари дунё инъикос хоҳанд кард.

Ҳамчунин дар доираи кори форум бо иштироки намояндагони 20 кишвари ҷаҳон дар мавзӯи “Санъати мусиқии мақом ва нақши он дар тамаддуни ҷаҳонӣ” конфронси илмиву амалӣ доир мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.