Транзит арзонтар аст: мушкилоти донишҷӯёни тоҷик барои хариди билетҳои “тиллоӣ”-и ҳавопаймоӣ

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Санаи 1 сентябр соли нави таҳсил оғоз мегардад, лекин чанде аз  донишҷӯёни тоҷикистонии машғули таҳсил дар хориҷи кишвар бар асари хеле гарон будани билетҳои ҳавопаймоӣ аз Тоҷикистон, эҳтимол ба оғози дарсҳо ҳозир шуда натавонанд.

Мо бо чанде аз пайвандону наздикони донишҷӯён дар ин мавзӯъ суҳбат оростем ва муқоисаи нархҳои билетҳои ҳавопаймоӣ аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаро пешниҳод мекунем.

Нархи билети хатсайри Душанбе – Маскав: 4 ҳазор сомонӣ (420 доллар) – нархи билети хатсайри Тошканд – Маскав: 2 ҳазору 400 сомонӣ (250 доллар) ва нархи билети хатсайри Бишкек – Маскав: 2 ҳазор сомонӣ (220 доллар).

Нархи билети ҳавопаймоии хатсайри Душанбе – Пекин: 6 ҳазор сомонӣ (650 доллар) – хатсайри мустақими Тошканд – Пекин: 4 ҳазору 200 сомонӣ (450 доллар).

Як сокини Душанбе дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки ба писараш то Украина билети ҳавопаймоӣ хариданӣ шуда, нархи онро 4 ҳазор сомонӣ мегӯянд, лекин вақте баъди се соат 4 ҳазор сомонӣ ёфта меорад, нархи билет аллакай ба 4850 сомонӣ расида буд.

Корманди фурӯшгоҳи билетҳои ҳавопаймоӣ Акмал Шарипов мегӯяд, арзиши билетҳо аз онҳо вобаста набуда, ширкатҳои ҳавопаймоӣ худашон нархи онро муқаррар мекунанд. “Онҳо хароҷоти ин хатсайр ва шумори мусофиронро дар мавсим ба инобат мегиранд. Мо аз фурӯш фоизҳои начандон назаррас мегирем”, – иброз дошт ӯ.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон сабаби гаронии билетҳоро ба баланд будани нархи сӯзишвории авиатсионӣ дар Тоҷикистон нисбат медиҳанд. Тибқи маълумоти онҳо, дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, сӯзишвории авиатсионӣ дар Тоҷикистон қиматтар аст.

Аммо коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки сабаб натанҳо дар гаронии сӯзишворӣ, балки дар мавҷуд набудани рақобат аст. “То дар бозор рақобати солим набошад, интизор шудани поинравии нархи билетҳои ҳавопаймоӣ бефоида аст”, – мегӯянд онҳо.

Коршиноси дигар сабаби гаронии билетҳои ҳавопаймоиро ба хеле гарон будани хизматгузориҳои фурудгоҳҳо дар Тоҷикистон рабт медиҳад.

“Нархи билет ҳамчунин ба хизматрасониҳои фурудгоҳҳои парвозу нишаст, аэронавигатсия ва хароҷоти дохилии ширкатҳои ҳавопаймоӣ низ вобаста мебошад. Яке аз сабабҳои гаронии билетҳои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, ки ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом медиҳанд, хизматгузориҳои хеле қимати фурудгоҳҳои мо аст”, – мегӯяд коршинос.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз мураккабтарин низомҳои сиёсиро дорад, ки дар он дин ва демократия бо ҳам омехта шудаанд. Бисёре аз таҳлилгарон ин сохторро сахт...

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.

Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?

Дар Хадамоти алоқа мегӯянд, ки нархҳо поин рафта, суръат баланд шудааст, лекин дар асл вазъият чӣ хел аст?