Комроншоҳи Устопириён ба медали биринҷии Бозиҳои Осиё соҳиб шуд

Дар Бозиҳои Осиё-2018 дар Индонезия мусобиқаи дзюдочиён идома дорад. Имрӯз намояндаи Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириён медали биринҷии бозиҳоро ба даст овард. Дар қувваозмоиҳояш Комроншоҳ бар варзишгарони Непал, Лубнон дастболо шуда, дар даври нимфиналӣ аз варзишагри Муғулистон шикаст хӯрд. Дар рақобат барои медали биринҷӣ бо дзюдочии қазоқ пирӯз шуд. Қобили зикр аст, ки ин медали чоруми намояндагони […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Бозиҳои Осиё-2018 дар Индонезия мусобиқаи дзюдочиён идома дорад. Имрӯз намояндаи Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириён медали биринҷии бозиҳоро ба даст овард.

Дар қувваозмоиҳояш Комроншоҳ бар варзишгарони Непал, Лубнон дастболо шуда, дар даври нимфиналӣ аз варзишагри Муғулистон шикаст хӯрд. Дар рақобат барои медали биринҷӣ бо дзюдочии қазоқ пирӯз шуд.

Қобили зикр аст, ки ин медали чоруми намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё-2018 аст. Қаблан гурзандоз Дилшод Назаров, гуштигир Беҳрӯз Хоҷазода ва қаиқрон Шаҳриёр Даминов ба дарёфти медалҳои нуқра шарафёб гардида буданд.

Боз ду дзюдочии тоҷик ба дарёфти медалҳои Бозиҳо имкон доранд. Дар қувваозмоӣ барои медали биринҷӣ Саидҷалол Саидов (вазни то 100 кило) бо намояндаи Муғулистон рақобат мекунад.

Дар вазни зиёда аз 100 кило Шакармамад Мирмамадов барои дарёфти медали биринҷии бозиҳо шояд ба варзишгари Ҷопон ба майдон барояд, лекин натиҷааш ҳоло дар сомонаи расмии Бозиҳо тасдиқи худро наёфтааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.