Идомаи иҷозаи фаъолияти «Золотая корона», CONTACT ва ЮНИСТРИМ дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) якбора ба се шабакаи интиқоли пул, ки бештар муҳоҷирон тариқи онҳо маблағ мефиристанд, иҷозаи фаъолият дод. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, шабакаҳои "Золотая корона", "ЮНИСТРИМ" ва CONTACT ҳамакнун ҳаққ доранд, то се сол дар Тоҷикистон фаъолият кунанд. Гуфта мешавад, масъулони БМТ имрӯз гуфтанд, тасмими иҷозаи фаъолият ба се шабакаи […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) якбора ба се шабакаи интиқоли пул, ки бештар муҳоҷирон тариқи онҳо маблағ мефиристанд, иҷозаи фаъолият дод.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, шабакаҳои "Золотая корона", "ЮНИСТРИМ" ва CONTACT ҳамакнун ҳаққ доранд, то се сол дар Тоҷикистон фаъолият кунанд.

Гуфта мешавад, масъулони БМТ имрӯз гуфтанд, тасмими иҷозаи фаъолият ба се шабакаи пулгузаронӣ аз ҷониби раёсати ин бонк гирифта шудааст. Се низоми интиқоли пулӣ, ки ба тозагӣ дар Тоҷикистон иҷозаи фаъолият дарёфт карданд, ҳарсе ба бонкҳои Русия тааллуқ доранд. Ин шабакаҳо қаблан низ фаъол буданд, аммо дар пайи муқаррароти нави Бонки миллӣ дар кори бархе аз онҳо мушкилот пайдо шуд.

Бонки Миллӣ ба шабакаҳои интиқоли пул аз 18-уми апрели соли равон се шарте гузошт, ки яке аз онҳоро бояд иҷро кунанд, вагарна аз ҳаққи интиқол додани пул ба Тоҷикистон маҳрум хоҳанд шуд.

Якум, дар суратҳисоби бонкҳои Тоҷикистон маблағи на камтар аз гардиши якрӯзаи пулҳои интиқолиро амонат гузоранд, дувум, аз бонке, ки рейтинги уствори на камтар аз дараҷаи ВВВ-ро дорад, пешниҳод кунанд ва савум дар ширкатҳои суғуртаи Тоҷикистон маблағҳои ба кишвар интиқолмеёфтаро бима намоянд.

Масъулони Бонки Миллӣ қаблан гуфта буданд, ки ин иқдом ба хотири ҳифзи манфиати бонкҳои Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст. Чун ҳангоми касод шудан ду шабакаи интиқоли пул — "Мигом" ва "Лидер" қарзашонро аз бонкҳои Тоҷикистон то ҳанӯз напардохтаанд.

Бонки Миллӣ иддао дорад, ки варшикаста шудани ин системаҳо метавонад ба устувории молии бонкҳои Тоҷикистон зарба занад ва аз ин рӯ бонк иҷрои чунин чораҳои эҳтиётиро талаб дорад.

Баъди ҷорӣ шудани ин муқаррарот, масъулини бархе аз шабакаҳо, ба мисли "Юнистрим", изҳори нигаронӣ карданд, ки бонкҳои Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо онҳо худдорӣ мекунанд. Ҳарчанд мақомоти БМТ инро рад карда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.