Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои табибони гунаҳкор ба гирифтории одамон ба бемориҳои сироятӣ

Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки нисбати табибони гунаҳкор ба гирифтор шудани одамон ба бемориҳои сироятӣ масъулият то ҷавобгарии ҷиноӣ сангинтар карда шавад. Бахусус ин ба дармонгоҳҳои табобати дандон дахл дорад: кори на ҳамаи муассисаҳои хусусии табобати дандон ба талаботи муосир ҷавобгӯ аст, чунин мешуморад президент. Зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии […]

asia+, asia+

Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки нисбати табибони гунаҳкор ба гирифтор шудани одамон ба бемориҳои сироятӣ масъулият то ҷавобгарии ҷиноӣ сангинтар карда шавад. Бахусус ин ба дармонгоҳҳои табобати дандон дахл дорад: кори на ҳамаи муассисаҳои хусусии табобати дандон ба талаботи муосир ҷавобгӯ аст, чунин мешуморад президент.

Зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки "дар кишвар 254 муассисаи хусусии табобати дандон фаъолият мекунад, ки вазъи қисме аз онҳо ташвишовар мебошад”.

Ба гуфтаи ӯ, санҷишҳо нишон медиҳанд, ки дар аксари муассисаҳои хусусии табобати дандон меъёрҳои соҳаи тандурустӣ риоя намешаванд ва қисми зиёди утоқу таҷҳизоти онҳо ба талаботи беҳдоштӣ мутобиқат намекунад: “Чунин вазъ боиси ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудани одамоне мегардад, ки ба чунин муассисаҳо муроҷиат мекунанд”.

Президент ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дод, ки ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои зикршуда чораҳои қатъӣ андешанд ва ҳамчунин:

"Барои кормандони муассисаҳои табобати дандон, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн, ки боиси ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани одамон мегарданд, дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ ворид карда шавад”.

Ғайр аз ин, президент аз истифодаи маҳсулоти дорувории пастсифат ва муҳлаташ гузашта, ки ба кишвар тариқи қочоқ ворид шудааст, нигаронӣ изҳор намуд.

Сарвари давлат бар ин назар аст, ки назорат аз болои сифати маводи доруворӣ ва маҳсулоттӯи тиббӣ то ҳол дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ нашудааст.

"Агар соли 2000 ба кишвар ба маблағи 25 миллион сомонӣ маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид гардида бошанд, ин рақам дар соли 2017 қариб ба 450 миллион сомонӣ расидааст, ки 18 баробар зиёд мебошад, – мисол овард президент. – Танҳо дар шаш моҳи соли 2018-ум 92 тонна маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишиву гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта ва бе сертификати мутобиқат нобуд карда шудаанд».

“Дорухонаҳое, ки доруворӣ ва маводи тиббии бесифат, муҳлаташ гузашта, қалбакӣ ва бо роҳи қочоқ воридшударо ба фурӯш мебароранд, аз иҷозатнома маҳрум карда, барои чунин амал ҳатто ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шавад”, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ба Вазорати тандурустӣ супориш дода шуд, ки дар масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла доир ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ, бахусус, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои воридоту муомилоти маводи дорувории бесифат, қалбакӣ ва муҳлати истифодааш гузашта, қочоқи доруворӣ ва истеҳсолу фурӯши маводи ғайристандартӣ чораҷӯӣ намояд.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, айни замон дар ҷумҳурӣ 681 муассисаи хусусии тиббӣ, аз ҷумла 382 муассиса бо мақоми шахси ҳуқуқӣ ва 55 филиал, инчунин, 301 муассисаи марбут ба шахсони воқеӣ фаъолият мекунад. Дар чунин муассисаҳо 1600 нафар табибон ва 1500 нафар кормандони миёнаи тиб кор мекунанд. Имрӯз дар мамлакат 58 беморхонаи хусусӣ, 22 маркази ташхис, 69 озмоишгоҳ, 4 маркази дорусозӣ ва зиёда аз 2300 дорухона таъсис дода шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.