Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Раиси Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, имрӯз бо намояндагони парлумони Тоҷикистон, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо дипломатҳои тоҷик дидору гуфтушунид мекунад;

– Шурӯъ аз имрӯз тарифҳои истифодаи нерӯи барқ 15% боло мераванд. Акнун минбаъд аҳолӣ барои истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ 19,37 дирам маблағ пардохт мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4198 сомонӣ;

1 евро – 10.6839 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1431 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1929 – Нусхаи нахустини рӯзномаи «Советский Таджикистан» (феълан «Народная газета») нашр шуд.

1960 – Корхонаи дастгоҳи шиддати пастволти Адрасмон мавриди истифода қарор гирифт.

2010 — Дар Душанбе аввалин намояндагии дипломатии кишварҳои араб дар Тоҷикистон – сафоратхонаи Арабистони Саудӣ боз шуд.

2016 — Кумитаи андози Тоҷикистон адвокатҳои хусусиро ба соҳибкорон баробар кард: онҳо аз даромадҳояшон андоз месупоранд.

1939-1993 – Зодрӯзи нависанда Баҳром Фирӯз.

1948 – Мавлуди журналист Сироншои Диловар.

1950 – Зодрӯзи раққоса Садбарг Қосимова.

1951 – Мавлуди мураббии дараҷаи байнулмилалӣ оид ба самбо Шеравлиё Шеравлиёев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +8+13; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона 0+5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +3+8.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +1+6, рӯзона +10+15; дар шарқ шабона -2-7, рӯзона 0+5.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +5+10.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +12+14.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +13+15.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.