Оғози қабули дархостҳои грант оид ба лоиҳаҳои ҳифзи мероси фарҳангӣ

Иттилоияи расмӣ

Сафорати Иёлоти Муттаҳида бо камоли мамнуният озмуни Хазинаи сафиронро оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ барои соли 2019 (ХСҲМФ) кушода эълон менамояд.

Аз довталабон талаб карда мешавад, ки аввал консепсияи лоиҳаро дар ду саҳифа пешниҳод кунанд. Пас аз интихоби консепсияҳои беҳтарин, аз довталабони интихобшуда хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи худро ба таври пурра пешниҳод намоянд.

ХСҲМФ барномаҳоро аз қабили барқарор намудани иморатҳои бостонӣ ва таърихӣ, арзёбӣ ва ҳифзи дастнависҳои нодир ва нигораҳои осорхонаҳо, нигоҳ доштан ва ҳифз намудани мавзеҳои муҳими бостонӣ, сабту хуҷҷатгузорӣ намудани технологияи ҳунарҳои миллӣ ва забонҳои маҳаллӣ, ки зери хатари нестшавӣ қарор гирифтаанд дастгирӣ менамояд.

Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ дар соли 2001 ҷиҳати нигоҳ доштани мероси фарҳангӣ ва изҳор намудани эҳтироми ИМА нисбат ба фарҳангҳои ғайр таъсис дода шудааст. Мероси фарҳангӣ нишонаест аз саҳмгузорӣ ва таҷрибаи таърихии башарият.

То ба имрӯз сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таввасути гранти ХСҲМФ 17 барномаро дар Тоҷикистон ба маблағи 619,658 доллари амрикоӣ дастгирӣ намудааст.

Мӯҳлати охирини супоридани ҳуҷҷатҳо 26 ноябри соли 2018 мебошад. Ҳуҷҷатҳои супоридашуда аз рӯзи пешниҳод шуданашон таҳти баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо пеш аз муҳлати ниҳоӣ қобили қабул аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.