Дилшод Назаров бори панҷум чемпиони Осиё шуд

Asia-Plus

Варзишгари тоҷик, чемпиони олимпӣ оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаров санаи 24 апрел дар ҷемпионати Осиё дар шаҳри Доҳаи Қатар ғалаба ба даст овард. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикитсон, варзишгари маъруфи кишвар, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров маротибаи панҷум ба гирифтани унвони Чемпиони Осиё мушарраф шуд. Гуфта мешавад, Дилшод Назаров шоми 24 […]

Варзишгари тоҷик, чемпиони олимпӣ оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаров санаи 24 апрел дар ҷемпионати Осиё дар шаҳри Доҳаи Қатар ғалаба ба даст овард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикитсон, варзишгари маъруфи кишвар, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров маротибаи панҷум ба гирифтани унвони Чемпиони Осиё мушарраф шуд.

Гуфта мешавад, Дилшод Назаров шоми 24 апрел дар шаҳри Доҳаи Қатар дар даври финалии мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук гурзро ба масофаи 76.14 метр ҳаво дода, ҷои аввалро ишғол кард. Варзишгари мизбон Ашраф Ал-Сайфӣ бо натиҷаи 73.76 метр ҷои дуюм, Суҳроб Хоҷаев аз Ӯзбекистон бо натиҷаи 72.86 метр ҷои сеюмро сазовор шуданд. Дар даври финали мусобиқаи гурзандозӣ 12 нафар иштирок карданд.

Ба ҷуз Дилшод Назаров, дар мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук Тоҷикистонро боз панҷ нафари дигар – Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 400 метр бо монеъаҳо); Одилшо Исматов (давидан ба масофаи 800 метр), Алишер Пӯлодов (давидан ба масофаи 400 метр), Григорий Дерипаскин (давидан ба масофаи 400 метр) ва Гулсунбӣ Шарифова (давидан ба масофаи 200 метр) намояндагӣ карда, ба касби зинаҳои аввал ва гирифтани медалҳо шарафёб нагардиданд.

Ёдрас мешавад, ки ин панҷум медали тиллои Дилшод Назаров дар Чемпионати варзиши сабуки Осиё мебошад. Ӯ қаблан солҳои 2009, 2013, 2015, 2017 ба унвони Чемпиони Осиё даст ёфта, ҳамчунин барандаи 2 медали нуқра (2005, 2007) ва як медали биринҷии (2003) Чемпионати Осиё мебошад. Дилшод Назаров, инчунин, 3 маротиба дар Бозиҳои Осиё ғолиб омадааст.  

Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар шаҳри Доҳаи Қатар бо пирӯзии варзишгарони Баҳрайн анҷом ёфт. Онҳо 22 медал (7 тилло, 11 нуқра, 4 биринҷӣ) ба даст оварданд. Чин бо 29 медал (9 тилло, 13 нуқра, 7 биринҷӣ) ҷои дуюм, Ҷопон бо 18 медал (5 тилло, 4 нуқра, 9 биринҷӣ) ҷои сеюмро ишғол намуданд. Тоҷикистон бо 1 медали тилло дар ҷои 13-ум қарор гирифт. Умуман, варзишгарони 20 давлати қора ба гирифтани медалҳои Чемпионати Осиё даст ёфтанд.

Дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар Қатар беш аз 1 ҳазор нафар намоядагони 45 кишвари қора иштирок карда, аз рӯи 21 навъи ин варзиш қувваозмоӣ карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад