Оғози корҳои бо барқ таъмин кардани деҳоти Тоҷикистон

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ширкати “Барқи тоҷик” ба корҳои омодагӣ ҷиҳати амалисозии Лоиҳаи бо барқ таъмин намудани деҳоти вилояти Хатлон ва ВМКБ оғоз карданд. Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар доираи Реҷаи коҳиши хатарҳои МАР-2018 сурат мегирад, хабар медиҳад Вазорати энергетика. Интизорӣ меравад, ки 105 деҳоти вилояти Хатлон ва […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ширкати “Барқи тоҷик” ба корҳои омодагӣ ҷиҳати амалисозии Лоиҳаи бо барқ таъмин намудани деҳоти вилояти Хатлон ва ВМКБ оғоз карданд.

Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар доираи Реҷаи коҳиши хатарҳои МАР-2018 сурат мегирад, хабар медиҳад Вазорати энергетика.

Интизорӣ меравад, ки 105 деҳоти вилояти Хатлон ва ВМКБ ба низоми мутамаркази таъминот бо нерӯи барқ пайваст карда мешаванд.

Дар лоиҳа бунёди иншооти зерсохтори зарурӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, нерӯгоҳҳои истеҳсоли барқ аз нури офтоб ва вазиши шамол пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки наздики 2,5%-и аҳолии Тоҷикистон ба шабакаҳои барқ дастрасӣ надоранд. Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, шумори умумии аҳолии кишвар, ки то ҳол ба нерӯи барқ дастрасӣ надоранд, 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар Вазорат зикр мекунанд, ки асосан аҳолии маҳаллаҳои аҳолинишине, ки бо назардошти афзоиши босуръати шумори аҳолӣ ба тозагӣ бунёд шудаанд, бо нерӯи барқ таъмин нестанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.