Эмомалӣ Раҳмон дар форуми “Як камарбанд-як роҳ” иштирок мекунад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми байналмилалӣ «Як камарбанд-як роҳ» ва намоишгоҳи ЕХРО-2019 ба пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳри Пекин раҳсипор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми байналмилалӣ «Як камарбанд-як роҳ» ва намоишгоҳи ЕХРО-2019 ба пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳри Пекин раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, президенти Академияи илмҳои ҶТ, раиси Кумитаи андоз, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ"-и Чин, ки Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон як бахши он аст, сармоягузорӣ дар сохтмони роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳанро дар кишварҳои ҳамсарҳадаш дар назар мегирад.

Дар он ҳамчунин бунёди долонҳои нави тиҷоративу нақлиётӣ, ки беш аз 60 кишвари Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Африқоро ба ҳам мепайванданд, пешбинӣ шудааст, ки ба рушди мунсибатҳои тиҷоратӣ байни Чин ва ин кишварҳо мусоидат мекунад.

Ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» аз ҷониби раиси Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2013 зимни сафараш ба Қазоқистон пешниҳод гардида, аз ду лоиҳа – «Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим» ва «Роҳи баҳрии Абрешим асри XXI» иборат аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.