Эмомалӣ Раҳмон: “Пешниҳоди ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” вокуниши саривақтист”

Asia-Plus

Нимаи дуюми рӯзи 26 апрел дар Маркази ҳамоиши миллии Чин Ҷаласаи дуюми сатҳи баланд кори худро идома дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷаласа Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда суханронӣ карда, ба ҷониби Чин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани ҳамоиш изҳори сипос намуд. Сарвари давлат таъкид […]

Нимаи дуюми рӯзи 26 апрел дар Маркази ҳамоиши миллии Чин Ҷаласаи дуюми сатҳи баланд кори худро идома дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷаласа Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда суханронӣ карда, ба ҷониби Чин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани ҳамоиш изҳори сипос намуд.

Сарвари давлат таъкид кард, ки ҷаҳони муосир ва башарият рӯ ба рӯи мушкилоти глобалӣ, аз қабили таъсири буҳронҳо ба иқтисоди кишварҳо, муноқишаҳо, тағйирёбии иқлим ва нобаробарии иҷтимоӣ дар бисёр минтақаҳо гардидааст.

“Барои ҳалли ин мушкилот пешниҳоди ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” вокуниши саривақтию серталаб ба шумор меравад ва он манфиатҳои иқтисодии бисёр давлатҳоро дар худ муттаҳид месозад”, – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид карда шуд, ки ҳудуди Тоҷикистон аз давраи қадим дар чорроҳаи машҳури роҳҳои тиҷорати Шарқу Ғарб қарор дошт ва дар тиҷорати ҷаҳонӣ барои рушди муносиботи бисёрасраи кишварҳои авруосиё бо мавқеи хоса хизмати шоиста кардааст.

Президенти мамлакат иброз дошт, ки Тоҷикистону Чинро сарҳадоти умумӣ, муносиботи неки ҳамҷаворӣ ва дӯстӣ, ки аз қаъри асрҳо маншаъ мегирад, муттаҳид месозад.

“Кишвари мо “Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030”-ро татбиқ карда истодааст, ки он аз ҳадафҳои дарозмуҳлати стратегӣ ва рушди афзалиятноки мамлакат иборат мебошад”, – иброз дошт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор дошт, ки кишварҳои иштирокчии ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” метавонанд аз таҷриба, имкониятҳои технологӣ, инноватсионӣ – сармоягузорӣ баҳри татбиқи лоиҳаҳои ояндадори истеҳсолӣ ва инфросхторӣ истифода баранд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузург барои таҳияи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, рушди инфрасохтор, коммуникатсия, саноат, бахши кишоварзӣ ва туризм мебошад.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат дар бораи ташаббусҳои ояндадори Тоҷикистон бар нафъи минтақа, истифодаи имконоти кишвар оид ба канданиҳои фоиданок, дар ин замина рушд додани соҳаҳои гидроэнергетика, саноати куҳӣ, металлургияи ранга, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук ва хӯрокворӣ, андешаронӣ кард.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор дошт, ки кишварҳои иштирокчии ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” тамоми талошҳои худро баҳри расидан ба ҳадафҳои таҳкими муносиботи дӯстӣ ва боварию эътимоди байниҳамдигарӣ равона месозанд.

Ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ”

Қобили зикр аст, ки ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ"-и Чин, ки Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон як бахши он аст, сармоягузорӣ дар сохтмони роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳанро дар кишварҳои ҳамсарҳадаш дар назар мегирад.

Дар он ҳамчунин бунёди долонҳои нави тиҷоративу нақлиётӣ, ки беш аз 60 кишвари Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Африқоро ба ҳам мепайванданд, пешбинӣ шудааст, ки ба рушди мунсибатҳои тиҷоратӣ байни Чин ва ин кишварҳо мусоидат мекунад.

Ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» аз ҷониби раиси Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2013 зимни сафараш ба Қазоқистон пешниҳод гардида, аз ду лоиҳа – «Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим» ва «Роҳи баҳрии Абрешим асри XXI» иборат аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.