Ифтитоҳи нуқтаҳои тақсими маҳсулоти бепул ба ниёзмандон дар Мастчоҳ

Дар маркази ноҳияи Мастчоҳ се нуқтаи тақсими бепули маҳсулоти хӯрокворӣ барои қишри камбизоати аҳолӣ боз шуд, хабар медиҳад нашрияи ноҳиявии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон "Нигоҳи халқ”. “Нуқтаҳо назди бозори марказии ноҳия, маркази савдои “Панҷшер”-и шаҳраки Бӯстон ва маркази савдои “Ансор” дар ҷамоати Оббурдон ифтитоҳ гардиданд”, – иттилоъ медиҳад нашрия. Ин иқдоми хайрия аз ҷониби ҳукумати […]

Баҳманёр Нодиров, Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар маркази ноҳияи Мастчоҳ се нуқтаи тақсими бепули маҳсулоти хӯрокворӣ барои қишри камбизоати аҳолӣ боз шуд, хабар медиҳад нашрияи ноҳиявии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон "Нигоҳи халқ”.

“Нуқтаҳо назди бозори марказии ноҳия, маркази савдои “Панҷшер”-и шаҳраки Бӯстон ва маркази савдои “Ансор” дар ҷамоати Оббурдон ифтитоҳ гардиданд”, – иттилоъ медиҳад нашрия.

Ин иқдоми хайрия аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ, Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ва соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ шудааст.

Дар ин нуқтаҳо эҳтиёҷмандон метавонанд ба миқдори муайян орду шакар ва равғани растанӣ дастрас намоянд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ.

“Сокинон мувофиқи имкон метавонанд ба ин қуттиҳо маҳсулоти ғизойӣ, аз ҷумла нону равған, шакару биринҷ ва ғайра гузошта, ниёзмандон маҳсулоти заруриро аз онҳо дастрас кунанд. Ин нуқтаҳо ба ҳеҷ гунае назорат намешаванд”, – қайд мекунад нашрия.

Дар ҳукумати ноҳия иттилоъ додаанд, ки ояндаи наздик дар дигар маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳия низ чунин нуқтаҳо боз шуда метавонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.