Нашри нахусти маҷмӯаи суханрониҳои сарвари давлати Чин дар Тоҷикистон

Дар Душанбе китоби раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар мавзӯи масоили муҳими сиёсати хориҷӣ бо забони тоҷикӣ ба нашр расид. Дар ин китоб суханронӣ ва маърӯзаҳои раиси Чин Си Ҷинпин дар мавзӯи асосҳои бунёдии сиёсати хориҷии Чин, масоили амалисозии ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” ва бунёди ҷомеаи тақдири ягонаи инсоният гирдоварӣ шудааст. Сухаронӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Душанбе китоби раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар мавзӯи масоили муҳими сиёсати хориҷӣ бо забони тоҷикӣ ба нашр расид.

Дар ин китоб суханронӣ ва маърӯзаҳои раиси Чин Си Ҷинпин дар мавзӯи асосҳои бунёдии сиёсати хориҷии Чин, масоили амалисозии ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” ва бунёди ҷомеаи тақдири ягонаи инсоният гирдоварӣ шудааст.

Сухаронӣ ва маърӯзаҳои мазкур давраи аз моҳи нобяри соли 2014 то моҳи майи соли 2017-ро фаро мегиранд. Маҷмӯаи ранга аз се қисм ва 156 саҳифа иборат аст.

Киоби Си Ҷинпинро аз забони русӣ ба тоҷикӣ журналисти маъруф, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бобоҷони Шафеъ тарҷума карда, таҳиягар ва муҳаррири масъули он доктори илмҳои таърих, сармушовири дастгоҳи ёварони президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода аст.

Қобили зикр аст, ки ин нахустин нашри китоби сарварони давлати Чин дар кишвари мо бо забони тоҷикӣ мебошад.

Китобро метавон дар мағозаҳои китобфурӯшии шаҳри Душанбе харидорӣ намуда, варианти электронии он дар сомонаи расмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.