Ширкати “Сомон фарм” ба истеҳсоли маводи антисептикӣ шурӯъ кард

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Корхонаи истеҳсоли маводи антисептикӣ имрӯз, 7-уми май дар ноҳияи Кӯшониён бо ибтикори ҶДММ “Сомон фарм” ба фаъолият оғоз кард.

Одинамаҳмад Шарифзода, муовини сардори сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки дар ифтитоҳи ин корхона муовини раиси вилояти Хатлон Абдуалим Исмоилзода ва раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода иштирок доштанд.

“Корхона дар як рӯз 10 ҳазор қуттӣ (флакон) антисептика истеҳсол мекунад, ки ин метавонад қисме аз талаботи муассисаҳои соҳаи тандурустиро бо ин маводи зарурӣ таъмин кунад. Дар корхонаи мазкур 7 нафар мутахассисони маҳаллӣ кор мекунанд”, – гуфт Одинамаҳмад Шарифзода.

Абдуаллим Исмоилзода зимни ифтитоҳи ин корхона аз соҳибкорон хост, ки дар чунин як шароити вазнин софдилона меҳнат карда, кӯшиш кунанд, ки нархро боло набаранд.

Ба гуфтаи манбаъ, муовини раиси вилоят ва ҳайати корӣ ҳамчунин аз анборҳои захиравии чанде аз ширкатҳои воридкунандаи маводи доруворӣ боздид карда, бо захираи доштаи ин ширкатҳо шинос шуд. Аз ҷумла, Абдуалим Исмоилзода аз анборҳои ширкатҳои фармасевтии ҶДММ “36,6” ва ҶДММ “Нек фарм” боздид кард.

Ғайр аз ин, муовини раиси вилоят бо рафти истеҳсол ва захираи ниқобҳо дар ду корхонаи шаҳри Бохтар – ҶСШК “Ресандаи Қӯрғонтеппа” ва як коргоҳи дӯзандагӣ дар маҳаллаи 14-и шаҳр шинос шуд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Холмурод Раҳмон, раисе, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кораш таъриф карда буд, даргузашт

Ӯро имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супориданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд

Зарбулаҷали 48 - соата барои Эрон ҳам, баъди посухи таҳдидомези Теҳрон, 5 рӯз ба таъхир афтод.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.