Дарёфти анбори қочоқбарон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дар вилояти Ботканди Қирғизистон мошинҳои боркаш бо қочоқи хушкмева боздошт гардиданд, ки барои ба Тоҷикистон фиристодан пешбинӣ шуда буданд. Дар РКД вилояти Ботканд ин маълумотро ба хабаргузории Turhmus тасдиқ кардаанд. Тибқи маълумоти Раёсати умури дохилии вилоят, дар қаламрави минтақа дар доираи корҳои ҷараёндошта оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус дар деҳоти наздисарҳадӣ кормандони милитсия ба реҷаи […]

Дар вилояти Ботканди Қирғизистон мошинҳои боркаш бо қочоқи хушкмева боздошт гардиданд, ки барои ба Тоҷикистон фиристодан пешбинӣ шуда буданд. Дар РКД вилояти Ботканд ин маълумотро ба хабаргузории Turhmus тасдиқ кардаанд.

Тибқи маълумоти Раёсати умури дохилии вилоят, дар қаламрави минтақа дар доираи корҳои ҷараёндошта оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус дар деҳоти наздисарҳадӣ кормандони милитсия ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаштаанд. Сокинони маҳаллаҳои аҳолинишинро ба риояи меъёрҳои санитарӣ ва аз хонаҳо берун набаромадан бидуни зарурат даъват мекунанд.

“Маълумот дастрас шуд, ки сокини ноҳияи Ботканд муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистонро ташкил кардааст. Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷуӣ кормандони РКД дар қитъаи Қоқо-Сойи ҳавзаи деҳоти Қара-Баки ноҳияи Ботканд анбори пинҳониро ошкор карданд. Қаламрави анбор панҷарабандӣ ва барои бор кардани маҳсулоти қочоқ таъин шуда буд. Дар он ҷо сокини 33-солаи маҳаллӣ бо ду шаҳрванди Тоҷикистон ба 4 мошини боркаш (фура) хушкмева бор мекарданд. Зимни санҷиш маълум шуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон сарҳадро ғайриқонунӣ гузаштаанд”, – иттилоъ медиҳад Turmush.

Дастгиршудагон ба карантин бурда шуда, ташхис ба коронавируси онҳо натиҷаи манфӣ нишон додааст. Сипас бо қарори суди ноҳияи Ботканд онҳо ба муҳлати 1 моҳ ба ҳабс гирифта шудаанд.

Ғайр аз ин, рӯзи 5-уми май кормандони ШКД ноҳияи Қадамҷой дар постгоҳи санитариву карантинии қитъаи роҳи Ош-Исфана 5 мошини боркаш (фура) – се “ДАФ” ва ду “Волво”-ро боздошт кардаанд. Ҳангоми санҷиши ронандагон ба сирояти коронавирус маълум шудааст, ки ба ин мошинҳо низ маҳсулоти қочоқ бор карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.