Рӯнамои китоби “Аскарони ғолиб” дар Душанбе

Имрӯз китоби “Аскарони ғолиб” ҳамчун ёдгорӣ аз заҳматҳои генерал-майор Абдулло Ҳабибов, ки чанд рӯз пеш аз нашри он реҳлат кард, тариқи онлайн-ҷаласа муаррифӣ шуд. Дар он зиндагинома, корнамоӣ ва лаҳзаҳои ҳассоси ҳаёти 153 қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар 350 саҳифа сабт шудааст. Муаллифону таҳиягарони китоб хотироти қаҳрамонҳои зиндаи Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки то имрӯз дар қайди ҳаёт […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Имрӯз китоби “Аскарони ғолиб” ҳамчун ёдгорӣ аз заҳматҳои генерал-майор Абдулло Ҳабибов, ки чанд рӯз пеш аз нашри он реҳлат кард, тариқи онлайн-ҷаласа муаррифӣ шуд. Дар он зиндагинома, корнамоӣ ва лаҳзаҳои ҳассоси ҳаёти 153 қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар 350 саҳифа сабт шудааст.

Муаллифону таҳиягарони китоб хотироти қаҳрамонҳои зиндаи Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки то имрӯз дар қайди ҳаёт мондаанд, гирд оварданд, то ин ёдномаҳо барои насли оянда ҳифз шаванд.

“Ин китоб ҳамчун далели қаҳрамонии миллати тоҷик, ки сеяки аҳолияш ба ҷанг равона шуда, наздики 100 ҳазор қурбонӣ додааст, ба наслҳои имрӯз ва ояндаи мо боқӣ хоҳад монд. Махсусан, дар ин замоне, ки нақши миллати тоҷик ва дигар халқиятҳоро дар ғалаба бар фашизм ва натсизм кам ҳисоб карданӣ мешаванд”, – изҳор дошт Раҷаб Мирзо, рӯзноманигор ва яке аз таҳиягарони китоб.

Рӯнамои китоб аз тариқи онлайн-ҷаласа роҳандозӣ шуд, ки дар он намояндагони созмони иштирокчиёни ҷанг ва фарзандону наберагони онҳо, таърихнигорон ва ҳамчунин сафири Русия дар Тоҷикистон иштирок доштанд.

Маҷмӯаи “Аскарони ғолиб” ташаббуси дуввуми генерал-майор Абдулло Ҳабибов аст.

Дар арафаи 70-умин солагарди Иди Ғалаба китоби “Аскарони ҷанг” таҳия шуда буд, ки аз рӯзгор ва корнамоии иштирокчиёни душанбегии Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисса мекард.

“Ҳоло аз санаи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар қадар дур равем, қаҳрамонони он, шоҳидони даҳшати он рӯзҳои наҳс ҳам мутаассифона, камтар мешаванд. Феълан муҳим аст, ки наслҳои оянда ин пораи даҳшатноки таърихи халқамонро ҳамеша дар ёд дошта бошанду аз он хулосаи зарурӣ бароранд”, – навишта буд дар муқаддимаи китоб шодравон Абдулло Ҳабибов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.