Ба суратҳисоби хайрияи Вазорати молия наздики 5 млн сомонӣ ворид шуд

Ба суратҳисоби хайрияи дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия бозшуда то 6-уми май наздики 5 миллион сомонӣ маблағ ворид шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати молияи Тоҷикистон хабар доданд. Ин маблағҳо ба ихтиёри Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои хароҷот баҳри роҳандозии тадбирҳои мубориза бо пандемияи коронавирус супорида мешаванд. Қаблан дар бораи маблағҳои […]

Ба суратҳисоби хайрияи дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия бозшуда то 6-уми май наздики 5 миллион сомонӣ маблағ ворид шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати молияи Тоҷикистон хабар доданд.

Ин маблағҳо ба ихтиёри Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои хароҷот баҳри роҳандозии тадбирҳои мубориза бо пандемияи коронавирус супорида мешаванд.

Қаблан дар бораи маблағҳои гузарондаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дигар шахсони мансабдор, вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳо маълумот мунташир гардида буд.

Ғайр аз ин, қайд карданд дар Вазорати молия, Бонки ҷаҳонӣ барои вокуниш ба хатари пандемияи COVID-19 11,5 млн доллар ҷудо мекунад. Ин маблағ барои харидории маҷмӯи тестҳо, воситаҳои муҳофизат ва омӯзиши кормандони тиббӣ масраф мешавад.

Ҳамчунин дар Вазорат қарзи бефоизи 189,5 миллион долларро зикр карданд, ки рӯзи 6-уми май аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор тасдиқ шуд. Он ба маблағгузории тавозуни пардохт ва эҳтиёҷоти буҷет дар робита ба пандемияи коронавирус равона мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, дигар созмону ташкилотҳо низ тасмим доранд, ки кумаки молиявӣ расонанд.

Масалан, Бонки осиёии рушд пешниҳоди маблағ дар ҳаҷми 50 миллион долларро дар нақша дорад, ки қисме аз он грант аст. Фонди авруосиёии субот ва рушд ба маблағи 50 миллион доллар қарзи имтиёзноки дарозмуҳлат (1%) ҷудо карданист.

Ёдрас мекунем, ки суратҳисобҳои хайрия аввали моҳи апрел “бо мақсади пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавируси COVID-19 ва мутамарказонидани кумакҳои башардӯстона” кушода шуданд. Суратҳисобҳо бо арзи миллӣ – сомонӣ, доллари амрикоӣ ва рубли русӣ боз шуданд.

Тибқи маълумоти расмӣ, то 6-уми май дар Тоҷикистон 379 ҳолати сироят аз коронавирус сабт шуда, 8 кас аз ин беморӣ фавтиданд. Ҳамчунин то 6-уми май 3596 нафар дар муассисаҳои тиббии кишвар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 246 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.