Дар Тоҷикистон 379 нафар гирифтори коронавирус шуда, 8 кас фавтидаанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки то соати 17:30 дақиқаи 6-уми май дар мамлакат 379 ҳодисаи сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 8 нафар бар асари он фавтидаанд. Ҳамзамон вазорат иттилоъ медиҳад, ки то 6-уми май дар муассисаҳои табобатии кишвар 3596 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як […]

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки то соати 17:30 дақиқаи 6-уми май дар мамлакат 379 ҳодисаи сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 8 нафар бар асари он фавтидаанд.

Ҳамзамон вазорат иттилоъ медиҳад, ки то 6-уми май дар муассисаҳои табобатии кишвар 3596 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 246 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.

“Аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя ва ҳамзамон дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табиби оилавии минтақаи худ муроҷиат кунанд”, – навиштааст вазорат.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти ҳодисаҳои сирояти коронавирус дар Тоҷикистон зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории Covid-19 расман эълон шуд.

Раисҷумҳур рӯзи 5-уми май Насим Олимзодро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон озод кард.

Ба ҷойи ӯ Ҷамолиддин Абдуллозода ба ин вазифа таъин шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.