Дар 4 донишҷӯйи аз Тоҷикистон ба Қирғизистон баргашта коронавирус ошкор шуд

Дар 4 нафар донишҷӯён, ки аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Қирғизистон баргаштаанд, коронавирус ошкор шудааст. Дар ин бора kloop.kg бо истинод ба Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар медиҳад. Вазорати тандурустии Қирғизистон имрӯз, 6-уми май хабар дод, ки давоми шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 28 ҳолати сирояти коронавирус сабт шудааст. “Дар ҳолатҳои нави сирояти COVID-19 аз хориҷи кишвар […]

Дар 4 нафар донишҷӯён, ки аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Қирғизистон баргаштаанд, коронавирус ошкор шудааст. Дар ин бора kloop.kg бо истинод ба Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар медиҳад.

Вазорати тандурустии Қирғизистон имрӯз, 6-уми май хабар дод, ки давоми шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 28 ҳолати сирояти коронавирус сабт шудааст.

“Дар ҳолатҳои нави сирояти COVID-19 аз хориҷи кишвар овардашуда низ ҳаст, ки инҳо 5 кас мебошанд. Як нафари сироятёфта аз Дубай ва 4 кас аз Тоҷикистон мебошанд, ки дар донишгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд таҳсил мекунанд”, – гуфтааст ба рӯзноманигорон муовини вазири тандурустӣ Нурболот Усенбоев.

Дар бораи кай ба Қирғизистон баргаштани онҳо (сарҳад бо Тоҷикистон аллакай беш аз як моҳ инҷониб баста аст) маълумот дода намешавад.

Сабаби шумори зиёди сироятёфтагонро дар пойтахт Вазорати тандурустӣ ба рӯзноманигорон чунин шарҳ додааст: “Дар Бишкек бисёр одамон баъди ба кишвар омадан зери назорат (карантин) қарор доранд”.

Дар шарҳи ин масъала рӯзноманигорони Қирғизистон ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки шояд онҳо барвақт ба кишвар омада, зери назорат буданд.

То имрӯз дар Қирғизистон 871 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, 12 нафар аз ин беморӣ вафот карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.