Таҳсили донишҷӯёни Alif Академия бо интернети боэътимоди Tcell

Академияи тиҷоратии Tcell шарики баргузори лоиҳаи муштараки Alif Академия ва ширкати aims – "Мактаби бози JavaScript" гардид. Гурӯҳи аввали донишҷӯён аллакай ба омӯзиши комилан ройгони онлайн фаро гирифта шуданд. Tcell ба 300 донишҷӯ Интернети баландсуръатро барои дастрасӣ ба манобеъ ва захоири таълимӣ пешниҳод менамояд.  Мактаби бози JavaScript барои онҳое нигаронида шудааст, ки мехоҳанд барномасози Front-end […]

Академияи тиҷоратии Tcell шарики баргузори лоиҳаи муштараки Alif Академия ва ширкати aims – "Мактаби бози JavaScript" гардид. Гурӯҳи аввали донишҷӯён аллакай ба омӯзиши комилан ройгони онлайн фаро гирифта шуданд. Tcell ба 300 донишҷӯ Интернети баландсуръатро барои дастрасӣ ба манобеъ ва захоири таълимӣ пешниҳод менамояд. 

Мактаби бози JavaScript барои онҳое нигаронида шудааст, ки мехоҳанд барномасози Front-end бошанд, барои онҳоест, ки мехоҳанд корро ёд бигиранд ва ҳамчунин барои касоне, ки машғули лоиҳакашӣ ва замимасозианд.  

Дар тӯли 4 ҳафта донишҷӯён маводи таълимиро бо вазифаҳои хонагӣ дар утоқи инфиродии худ мегиранд ва онро иҷро карда, ирсол менамоянд. Ҳамин тавр, дар охир онҳо барои хатм кори дипломӣ мегиранд.

Ҳадафи ниҳоии лоиҳа омӯзонидани беш аз 300 нафаре мебошад, ки малакаҳои таҳиягарии муосири Front-end – ро аз худ карданианд.

Омӯзиши онлайн дар айни замон дар тамоми ҷаҳон васеъ истифода мешавад. Шабакаи глобалӣ имкониятҳои зиёдеро барои омӯхтан, ёд гирифтани донишҳои нав, аз худ кардани малакаҳои муосир ва дастёбӣ ба мадрак (диплом)-ҳои тасдиқшуда фароҳам меорад. Табиист, ки ҳамаи ин бе дастрасӣ ба Интернети мӯътадил ғайримикон мебуд.  Ширкати Tcell бо дастгирӣ ва кӯмаки мактаби онлайнӣ, дар маҷмӯъ ба рушди тавсеаи маорифи Тоҷикистон мусоидат менамояд

_________________

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.