Бо хатсайри чартерии “Сомон Эйр” аз Деҳлӣ ба Душанбе маводи тиббӣ оварда шуд

Бо супориши раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ширкати ватании «Ориёнфарм» бо хатсайри махсус аз Ҳиндустон миқдори муайяни маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббиро ба Тоҷикистон  ворид кард. Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ медиҳад, ин маводи доруворӣ барои муқовимат ба пандемияи коронавирус пешбинӣ шудааст. Дар бораи кадом навъи маводи доруворӣ, маблағи харидорӣ ва миқдори он маълумот дода намешавад. […]

Бо супориши раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ширкати ватании «Ориёнфарм» бо хатсайри махсус аз Ҳиндустон миқдори муайяни маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббиро ба Тоҷикистон  ворид кард.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ медиҳад, ин маводи доруворӣ барои муқовимат ба пандемияи коронавирус пешбинӣ шудааст. Дар бораи кадом навъи маводи доруворӣ, маблағи харидорӣ ва миқдори он маълумот дода намешавад.

Ғайр аз ин, бо ҳамин хатсайр як миқдор кумаки башардӯстонаи ҳукумати Ҳиндустон иборат аз маводи доруворӣ барои муолиҷаи беморони COVID-19 ба Тоҷикистон ворид карда шуд.

Таъкид мешавад, ки маводи зарурии воридшуда ба Вазорати тандурустӣ ва сохторҳои он ҷиҳати истифода дар муассисаҳои тиббии пойтахт ва дигар минтақаҳои кишвар барои табобати бемориҳои сироятӣ, алалхусус, COVID-19 ба таври ройгон супорида мешавад.

Зикр шудааст, ки шаҳрдории пойтахт рӯзҳои наздик ташкили боз ҳамин гуна иқдомҳои эҳсонкориро дар назар дошта, ба ин васила дар бартараф кардани мушкилоти мавҷудаи ҷомеа саҳмгузорӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.