Се сол мешавад: фардо мурофиаи додгоҳии қазияи Ҳувайдои 5-сола аз сар гирифта мешавад

Пагоҳ, 22 июн, мурофиаи додгоҳии қазияи қатлу таҷовузи духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода дар Русия аз сар гирифта мешавад. Ҳувайдои хурдсол 22 июли соли 2018 бераҳмона кушта шуда буд. Вакили дифои хонаводаи Тиллоевҳо, Шавкат Умаров ба «Азия-Плюс» гуфт, ки мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 22 июн баъд аз зӯҳр дар додгоҳи вилояти Маскав оғоз мешавад. Умаров ҳамчунин […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Пагоҳ, 22 июн, мурофиаи додгоҳии қазияи қатлу таҷовузи духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода дар Русия аз сар гирифта мешавад. Ҳувайдои хурдсол 22 июли соли 2018 бераҳмона кушта шуда буд.

Вакили дифои хонаводаи Тиллоевҳо, Шавкат Умаров ба «Азия-Плюс» гуфт, ки мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 22 июн баъд аз зӯҳр дар додгоҳи вилояти Маскав оғоз мешавад.

Умаров ҳамчунин гуфт, ки ба далели хуруҷи дигарбораи COVID-19 дар Маскав эҳтимолияти мавқуф гузоштани ҷаласаи додгоҳ вуҷуд дошта, ҳамзамон имкон дорад, ки ин мурофиа тариқи видеоконфронс аз боздоштгоҳ сурат бигирад.

«Тибқи нақша, 22 июн мурофиаи додгоҳӣ дар нимаи дуввуми рӯз баргузор мешавад. Шояд гумонбар ба мурофиа интиқол дода нашавад. Ва имкон дорад, ки мурофиа ба таъхир гузошта шавад ё ба василаи видеоконфронс аз боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор шавад".

Умаров изҳори умедворӣ кард, ки ҳоло дар доираи ин парвандаи ҷиноӣ тамоми талошҳо барои он шуда истодааст, ки гумонбар бо истифода аз бархе назокатҳои қонунгузории ҷиноии Русия аз ҷавобгарӣ берун намонад.

Ӯ гуфт “ин парвандаи ҷиноятӣ ба хулосаи мантиқии худ оварда хоҳад шуд".

Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 9-уми апрел баъди танаффуси тақрибан панҷмоҳа мурофиаи додгоҳии баррасии парвандаи қатлу таҷовузи духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода доир гардид.  Додгоҳи вилояти Маскав гумонбар дар қатли духтари панҷсола Александр Сёминро ба СИЗО барои се моҳ фиристода буд.

Падари Ҳувайдо – Абдусалом Саидов рӯзи 10 апрел ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки гумонбар ба СИЗО фиристода шуд, ки ин аллакай як қисме аз пирӯзии ӯст.

«Ман ҳатто бовар надоштам, ки гумонбар дар мурофиа ҳузур хоҳад дошт. Аммо имрӯз ӯро ба боздоштгоҳи муваққатӣ фиристодаанд. Сёмин дигар бемор нест ва ман умедворам, ки ӯ муҷозот хоҳад шуд”,- гуфта буд он замон Саидов.

Хотиррасон мекунем, ки 22-юми июли соли 2018 аз қатлу таҷовузи Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки дар шаҳри Серпухови Русия бераҳмона кушта шуд, 3 сол сипарӣ гардид. Аммо то ҳол гумонбари қатли ӯ маҳкум нашудааст. 

Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.