Неруҳои марзбонии Тоҷикистон: неруҳои Афғонистон аз дасти “Толибон” ба Тоҷикистон фирор кардаанд. АКС

Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як баёния суқути Шерхон Бандар гузаргоҳи муҳими гумрукиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Афғонистонро ба дасти "Толибон" таъйид кард. Ин баёнияро хабаргузории давлатии "Ховар" нашр кардааст.  Дар баёнияи Неруҳои марзбонии Тоҷикистон омадааст, ки "Толибон" ба гузаргоҳи марзии Шерхон Бандар соати 19.00 рӯзи 21-уми июн ҳамла кардаанд, ки даргириҳо […]

Asia-Plus

Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як баёния суқути Шерхон Бандар гузаргоҳи муҳими гумрукиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Афғонистонро ба дасти "Толибон" таъйид кард. Ин баёнияро хабаргузории давлатии "Ховар" нашр кардааст. 

Дар баёнияи Неруҳои марзбонии Тоҷикистон омадааст, ки "Толибон" ба гузаргоҳи марзии Шерхон Бандар соати 19.00 рӯзи 21-уми июн ҳамла кардаанд, ки даргириҳо то соати 09.00 субҳи рӯзи 22-юми июн давом кардааст. 

Ҳамчунин дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешавад, ки "дар натиҷаи задухўрди мусаллаҳона, ки то соати 09:00-и санаи 22-юми июн идома ёфт, 134 хизматчии ҳарбии  қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, маҷбур шуданд, бо мақсади наҷоти худ тавассути минтақаи ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳҳои 3 ва 4-уми ОС «Панҷ» Сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намоянд".

Сарҳадбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани маънавиёти инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ маҷбур шуданд, ба гурезагони иҷборӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати вуруд диҳанд. Дар миёни ҳарбиёни ҶИА 4 нафар маҷрўҳ ва 1 нафар кушташуда қарор дорад,-омадааст дар ин изҳорот.

Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии КДАМТ вазъро дар дар хати сарҳади ҶТ ва ҶИА дар минтақаи мазкур мураккаб арзёбӣ карда, гуфтааст, ки "теъдоди умумии хидматчиёни ҳарбии афғон, ки аз дасти "Толибон" дар Шерхон-Бандар захмиву кушта ё асир афтодаанд, то 100 нафарро ташкил медиҳад".

Суқути Шерхон Бандарро ба дасти "Толибон" имрӯз ба "Азия-Плюс" хабарнигори хабаргузории "Пажвок"-и Афғонистон Аҷмал Кокар хабар дода буд. Кокар гуфта буд, ки бархе аз неруҳои давлатии Афғонистон ба "Толибон" таслим шудаву бархеи дигар ба Тоҷикистон фирор кардаанд. 

Шерхон Бандар як гузаргоҳи муҳими тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон аст, ки воридоти гумрукии Тоҷикистон аз кишварҳои ҷануб ва ҷанубу шарқи Осиё, аз ҷумла Покистону Эрон тавассути ҳамин гузаргоҳ ворид мешаванд.

Ин гузаргоҳ дар нуқтаи марзӣ, миёни ноҳияи Панҷи вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вулусволии Имом Соҳиби вилояти Кундузи Афғонистон ҷойгир аст. Худи вулусволии Имом Соҳиб, дирӯз ба дасти "Толибон" суқут карда буд. 

Ба гуфтаи Аҷмал Кокар дар ҳоли ҳозир тамоми рафтуомад тариқи ин гузаргоҳи тиҷоративу гумрукӣ қатъ шудааст ва ҷангҳо дар давру бари шаҳри Кундуз идома дорад ва ин шаҳр дар муҳосираи ин гуруҳ қарор дорад.

Дирӯз бархе аз масъулини Шерхон Бандар ба ҳукумати марказии Афғонситон аз хатари суқути ин гузаргоҳи муҳим ҳушдор дода буданд. 

Ҳоло бино ба навиштаи расонаҳои Афғонистон дар чаҳор вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистони Афғонистон наздик ба 35 вулусволӣ (ноҳия) ба дасти "Толибон" афтодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.