Сомон Маҳмадбеков ҳам роҳхати Олимпиадаи Токио-2020-ро ба даст овард

Сомон Маҳмадбеков паҳлавони маъруфи риштаи ҷудои тоҷик ва Акмал Муродов дигар паҳлавони ҷудокор роҳхатҳои олимпии Бозиҳои Токиои-2020-ро ба даст оварданд. Акнун шумораи ширкаткунандагони варзишгарони тоҷик дар олимпиада ба 7 нафар расид, ки 4 нафари онҳо дар риштаи ҷудо мебошанд. Дар ин бораи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо такя ба радабандии нави Федератсияи ҷаҳонии ҷудо хабар додааст. […]

Asia-Plus

Сомон Маҳмадбеков паҳлавони маъруфи риштаи ҷудои тоҷик ва Акмал Муродов дигар паҳлавони ҷудокор роҳхатҳои олимпии Бозиҳои Токиои-2020-ро ба даст оварданд. Акнун шумораи ширкаткунандагони варзишгарони тоҷик дар олимпиада ба 7 нафар расид, ки 4 нафари онҳо дар риштаи ҷудо мебошанд.

Дар ин бораи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо такя ба радабандии нави Федератсияи ҷаҳонии ҷудо хабар додааст.

Дар вазни -73кг Сомон Маҳмадбеков бо касби 3580 имтиёз дар садри рӯйхати ҷудокорони тими Тоҷикистон ва дар мақоми 16-уми радабандии олимпии ҷудокорони олимпии ҳамин вазн қарор дорад.

Ҳамзамон дар вазни мазкур Беҳрӯзи Хоҷазода бо 2796 имтиёз дар ҷои дуюми рӯхати ҷудокорони тоҷик ва дар мақоми 25-уми радабандии олимпии ҷудокорони ҷаҳонӣ мавқеъ гирифтааст.

Акмал Муродов (-81кг) бо 1060 имтиёз, Комроншоҳ Устопириён (-90кг) бо 2944 ва  Темур Раҳимов (+100кг) бо 3241 имтиёз садринишиини радабандии вазнҳои худ миёни ҷудокорони тоҷик мебошанд.

Тибқи қоидаҳои амалкунандаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) танҳо беҳтаринҳои радабандии ҷаҳон, ки дар «минтақаи сабзи» ҷадвали радабандии олимпӣ қарор доранд ба Бозиҳои олимпӣ мераванд.

Ҳамчунин бар асоси қоидаҳои ҷорӣ аз ҳар вазн аз як кишвар, танҳо як паҳлавон ҳуқуқи дарёфти роҳхатро дорад, ки нисбат ба ҳамватанони дигараш имтиёзи бештар дорад.

Аз ин рӯ, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳарчанд Беҳрӯзи Хоҷазода дар «минтақаи сабз» қарор дорад, вале ба далели нисбат ба Сомон Маҳмадбеков камтар доштани имтиёз натавонист роҳхати Бозҳиҳои олимпиро ба даст биорад.

Ба ҳамин тартиб Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов роҳхатро мустақиман ба даст оварданд ва Акмал Муродов бо ба даст овардани квотаи минтақавӣ (Осиё) ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт.

Дар назар аст, ки Федератсияи ҷаҳонии ҷудо рӯзи 28-уми июн ҳамаи варзишгаронеро, ки роҳхати олимпиро ба даст овардаанд, расман эълон мекунад.

Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад. Ба ҷуз варзишгарони риштаи ҷудо Тоҷикистонро ҳамчунин муштзанҳо Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев ва Гулсумбӣ Шарифова (варзиши сабук) низ дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 намояндагӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.