БАТР ва БОР ба Тоҷикистон барои коҳиши талафот дар шабакаҳои барқӣ $110 млн медиҳанд

Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва Бонки осиёии рушд  (БОР) бо пешниҳоди маҷмӯи маблағгузорӣ дар ҳаҷми 110 миллион доллар дар баланд бардоштани самаранокии ширкати энергетикии давлатӣ «Шабакаҳои Тақсимоти Барқ» (ШТБ), ки масъули тақсимоти нерӯи барқ дар Tоҷикистон мебошад, саҳми худро мегузоранд. Маблағгузорӣ дар ҳаҷми то 25 миллион доллари ИМА аз қарзи БАТР, ки аз […]

Иттилоияи расмӣ

Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва Бонки осиёии рушд  (БОР) бо пешниҳоди маҷмӯи маблағгузорӣ дар ҳаҷми 110 миллион доллар дар баланд бардоштани самаранокии ширкати энергетикии давлатӣ «Шабакаҳои Тақсимоти Барқ» (ШТБ), ки масъули тақсимоти нерӯи барқ дар Tоҷикистон мебошад, саҳми худро мегузоранд.

Маблағгузорӣ дар ҳаҷми то 25 миллион доллари ИМА аз қарзи БАТР, ки аз ҷониби давлат кафолат дода шудааст ва гранти БОР дар ҳаҷми 85 миллион доллари ИМА, иборат аст, зикр мегардад дар иттилоияи БАТР.

Гуфта мешавад, он ҷорӣ намудани системаҳои пешқадами баҳисобгирии нерӯи барқ ва навсозии шабакаҳои нерӯи барқро дар ҳафт шаҳр дар саросари Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад.

“Лоиҳае, ки дастгириро дар насби таҷҳизоти низоми биллингӣ ва мусоидат дар навсозии шабакаҳои нерӯи барқ пешбинӣ мекунад, дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ва инчунин дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Данғара, Конибодом, Исфара, Истаравшан ва Панҷакент амалӣ мегардад”, – омадааст дар иттилоия.

Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа ба коҳишдиҳии ҳаҷми талафоти энергетикии ШТБ ба тақрибан 30 ГВтсоат ва кам кардани партовҳои СО2 қариб ба 2000 тонна дар як сол, оварда мерасонад.

Лоиҳаи аз ҳама охирини БАТР дар доираи Барномаи баланд бардоштани самаранокии истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба таъсис додани ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон дар ҷойҳо низ ёрӣ мерасонад.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз БАТР тавассути амалисозии 140 лоиҳа дар иқтисодиёти Тоҷикистон 765 миллион Евро сармоягузорӣ намудааст.

Бонки осиёии рушд аз соли 1998 ба ҷумҳурӣ ҳудуди 2,2 млрд доллар ҷудо намуд, ки 1,6 млрд доллараш грантҳо мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.