“Вақти он аст…” Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи оғози ҶБВ шеър қироат кард

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ таҳти хэштеги #ВОВ80 иқдоми хотираи 80-солагии оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ(ҶБВ)-ро роҳандозӣ намуданд. Ин ташаббус аз ҷониби Беларус, ки соли 2021 раёсати Иттиҳодро ба уҳда дорад, сурат гирифт. Ҳар кадоме аз вазирон аз асарҳои шоирони миллӣ дар бораи мавзӯи ҷанг бо забони модариаш шеър қироат кард. “Имрӯз шоирони миллӣ бо […]

Asia-Plus

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ таҳти хэштеги #ВОВ80 иқдоми хотираи 80-солагии оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ(ҶБВ)-ро роҳандозӣ намуданд.

Ин ташаббус аз ҷониби Беларус, ки соли 2021 раёсати Иттиҳодро ба уҳда дорад, сурат гирифт.

Ҳар кадоме аз вазирон аз асарҳои шоирони миллӣ дар бораи мавзӯи ҷанг бо забони модариаш шеър қироат кард.

“Имрӯз шоирони миллӣ бо овози вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ИДМ ба ҳамаи мо ҳамаи даҳшатҳои ҷанг ва қаҳрмамонии ҳимоягарон, аҳдшикании душману матонати гузаштагони мо, ғаму андӯҳ аз талафот ва ашки хурсандӣ аз Ғалабаро хотиррасон мекунанд! Дар ИДМ мо дар хотир дорему мероси ҳаёти осоиштаро эҳтиёту гиромӣ медорем!”, – гуфта мешавад дар хабари сомонаи Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин порае аз шеъри Ҳабиб Юсуфӣ “Вақти он аст эй қалам…”-ро қироат кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.