Ӯзбекистон марзашро бо Афғонистон баст

Бинобар сабаби паҳншавии коронавирус дар Афғонистон Ӯзбекистон сарҳадашро бо ин кишвар муваққтан баст, хабар медиҳад Podrobno.uz бо истинод ба Вазорати тандурустӣ. Гуфта мешавад, комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ бо назардошти шиддати вазъияти эпидемиологӣ дар ин давлат тасмим гирифт, ки равуои шаҳрвандонро тариқи марзи Ӯзбекистону Афғонистон боздорад. Ҳамзамон додани раводиди сайёҳӣ ба шаҳрвандони Афғонистон, инчунин қабули дархости пешниҳоди […]

Asia-Plus

Бинобар сабаби паҳншавии коронавирус дар Афғонистон Ӯзбекистон сарҳадашро бо ин кишвар муваққтан баст, хабар медиҳад Podrobno.uz бо истинод ба Вазорати тандурустӣ.

Гуфта мешавад, комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ бо назардошти шиддати вазъияти эпидемиологӣ дар ин давлат тасмим гирифт, ки равуои шаҳрвандонро тариқи марзи Ӯзбекистону Афғонистон боздорад. Ҳамзамон додани раводиди сайёҳӣ ба шаҳрвандони Афғонистон, инчунин қабули дархости пешниҳоди раводидҳои сайёҳӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ қатъ карда мешавад.

Ба воситаи постгоҳи сарҳадии "Термез-автодорожный" ба равуои категорияҳои зерини шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт иҷоза дода мешавад:

– ба кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулгарӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва аъзои оилаи онҳо;

– ба ронандагоне, ки ба боркашонии байнулмилалӣ машғуланд;

– ба шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Афғонистон, ки ба Ватан бармегарданд.

Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар онҳо натиҷаи мусбати сирояти коронавирус ошкор мешавад, барои муолиҷа ба дармонгоҳҳои махсус фиристода мешаванд.

Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар онҳо натиҷаи мусбати сирояти коронавирус ошкор мешавад, ба қаламрави Ӯзбекистон роҳ дода намешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.