Нахустин филм аз зиндагии мардуми одӣ дар замони даргириҳои марзӣ

“Дарахти дӯстӣ” филми мустанади тоҷикӣ, ки аз зиндагии ду хонаводаи одии тоҷику қирғиз қисса мекунад, ахиран дар пасманзари ҳаводиси даргириҳои мусаллаҳонаи Тоҷикистону Қирғизистон намоиш дода мешавад. Қарор аст, нахустнамоиши ин филм рӯзи 25-уми июн дар кинотеатри “Зебуниссо” сурат бигирад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” коргардони филм Дилошӯб Орифзода хабар дод. Вай гуфт, ҳамроҳи гуруҳе аз […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

“Дарахти дӯстӣ” филми мустанади тоҷикӣ, ки аз зиндагии ду хонаводаи одии тоҷику қирғиз қисса мекунад, ахиран дар пасманзари ҳаводиси даргириҳои мусаллаҳонаи Тоҷикистону Қирғизистон намоиш дода мешавад.

Қарор аст, нахустнамоиши ин филм рӯзи 25-уми июн дар кинотеатри “Зебуниссо” сурат бигирад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” коргардони филм Дилошӯб Орифзода хабар дод.

Вай гуфт, ҳамроҳи гуруҳе аз ҳунармандон ва синамогарон филмро давоми чор моҳ дар доираи як лоиҳа ва бо маблағгузории созмони Интернеюс сохтаанд.

Орифзода мегӯяд, ҳадафи филм нишон додани зиндагии ду оилаи қирғизу тоҷик ва соҳибэҳтиром будани сарварони ин оилаҳо дар байни ду миллат ва дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ намудани мардуми оддӣ аст. Ӯ гуфт, ду қаҳрамони филм – яке қирғизи тоҷикистонӣ ва дигаре тоҷики қирғизистонӣ дар лаҳзаҳои ҳассоси муноқишаҳои марзӣ ранҷ мекашанд ва хосторӣ ҳарчӣ зудтар хотима ёфтани муноқишаҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд.

– Мо хостем, ки дар филм нишон диҳем, ки ин ду миллати ҳамсоя ҳамеша бо ҳам дӯст буданд ва буда ҳам метавонанд. Яъне дӯстӣ роҳи ҳалли муноқишаҳо ва беҳтарин воситаи расидан ба ҳамзистии муштарак аст. Мо бояд дӯстона зиндагӣ кунем, манфиатҳои якдигарро эҳтирому эътироф кунем ва роҳе пайдо кунем, сокинони хати ҳарду марз орому сокит зиндагиашонро идома  диҳанд,-мегӯяд, коргардони филм.

Муҳтавои филм аз он иборат аст, ки яке аз қаҳрамони филм, ки миллаташ қирғиз асту дар шаҳри Исфараи Тоҷикистон таваллуд шудааст касби бойторӣ дорад ва молҳои мардуми тоҷикро дармон мекунад. Вай дар байни мардум маҳбубият дорад ва ҳамеша дар хизмати мардум мебошад. Ӯ аз муноқишаҳо байни тоҷикону қирғизҳо сахт андуҳгин буда, онро ҳамеша  маҳкум мекунад.

Қаҳрамони дигари филм, ки миллаташ тоҷик асту дар тарафи Қирғизистон ба сар мебарад, умрашро борои тарбияи кӯдакони тоҷик сарф намудааст. Ҳоло аҳли хонавода ва пайвандонаш дар Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. Ҳар вақте, ки дар сарҳад нооромӣ мешавад, ӯ аз ҳама бештар азоби рӯҳӣ мекашавад.

Тоҷикистону Қирғизистон дар даргириҳои ахири марзии рӯзҳои 29-30-юми апрел то 60 куштаву наздик ба 20 захмӣ доданд. Ахиран ҳаҷми хисороти ворида ҳам эълон шуд, ки зарари тоҷикистон 12 миллион сомонӣ (1,06 млн доллар) ва аз Қирғизистон 1 миллиарду 305 миллион соми қирғизӣ (15,4 млн доллар) ҳисоб шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.