Сармояи оинномавии “Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон” $12 млн-ро ташкил медиҳад

Ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зимни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар бораи таъсиси ширкати муштараки сармоягузорӣ созиш ҳосил карда буданд. Лоиҳаи созишномаи дахлдорро, ки матни он дар ихтиёри “Азия-Плюс” қарор дорад, ҷонибҳо ният доранд ояндаи наздик ба имзо расонанд. Дар лоиҳаи созишнома зикр мегардад, ки ширкат бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти сармоягузорӣ ва […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зимни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар бораи таъсиси ширкати муштараки сармоягузорӣ созиш ҳосил карда буданд.

Лоиҳаи созишномаи дахлдорро, ки матни он дар ихтиёри “Азия-Плюс” қарор дорад, ҷонибҳо ният доранд ояндаи наздик ба имзо расонанд.

Дар лоиҳаи созишнома зикр мегардад, ки ширкат бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти сармоягузорӣ ва рушди робитаҳои мустақим байни доираҳои тиҷоратии ду давлат таъсис дода мешавад.

Муассисони ширкати муштарак Фонди таҷдид ва рушди Ӯзбекистон бо 75%-и ҳисса ва КВД “Тоҷинвест” – бо 25%-и ҳисса дар сармояи оинномавӣ мебошанд.

Сармояи оинномавии "Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон" 12 млн долларро ташкил дода, маблағи мазкур байни муассисон бо ҳиссаи саҳми гузоштаашон тақсим мешавад.

Ширкат бо суроғаи ҳуқуқӣ дар Душанбе барои маблағгузории лоиҳаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Навъҳои асосии фаъолияти ширкат иборат аст аз:

– сармоягузорӣ бо роҳи ба даст овардани ҳисса дар сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидори мавҷуда ва навтаъсис, додани қарзҳо, барориши коғазҳои қиматнок дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ба сармоягузорони тоҷик ва хориҷӣ фурӯхтани саҳмияҳои ширкати сармоягузорӣ дар сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидорӣ;

– ҳамкории сармоягузорӣ бо муассисаҳои (ширкатҳои) байналмилалии сармоягузорӣ ва молиявӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ҷустуҷӯ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ барои васеъ намудани рӯйхати иштирокчиёни корхонаи муштарак;

– ҷудо кардани маблағ ба бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар асоси тиҷоратӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.