Дар Лучоб мақбараи Ҷӯрабек Назриро бунёд карданд

Ба ифтихори 75-умин солгарди зодрӯзи донишманд ва ҳунарманди варзидаи тоҷик, шодравон Ҷӯрабек Назрӣ, фарзандон ва наздикону шогирдонаш дар оромгоҳи Лучоб мақбараи ӯро бозкушоӣ карданд. Дар маросими бозкушоии мақбари ҳунарманд ва донишманди фақид, гуруҳе аз шоирону нависандагон, донишмандон, ҳунармандон ва шогирдону пайравони мактаби илмиву ҳунарии эшон ҳузур доштанд. Писари шодравон Ҷӯрабек Назрӣ, Шаҳриёр Назриев дар ин […]

Меҳрофарин Наҷибӣ

Ба ифтихори 75-умин солгарди зодрӯзи донишманд ва ҳунарманди варзидаи тоҷик, шодравон Ҷӯрабек Назрӣ, фарзандон ва наздикону шогирдонаш дар оромгоҳи Лучоб мақбараи ӯро бозкушоӣ карданд.

Дар маросими бозкушоии мақбари ҳунарманд ва донишманди фақид, гуруҳе аз шоирону нависандагон, донишмандон, ҳунармандон ва шогирдону пайравони мактаби илмиву ҳунарии эшон ҳузур доштанд.

Писари шодравон Ҷӯрабек Назрӣ, Шаҳриёр Назриев дар ин маросим аз падари марҳумаш ёд карда гуфт, ки "барои поси хотири он кас мо пайванди падарро бо бародарону дӯстон ва шогирдони қадрдонашон мекӯшем канда накардаву қавитар созем".

Ӯ гуфт, бо ба далели шароити беҳдоштӣ мо натавонистем ҳамаи ёру дӯстони падарамонро бар сари мақбараашон даъват кунем, аммо боз ҳам ихлосмандонашон маросими гарм бунёд карданд.

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз ҷанбаҳои гуногуни кору пайкори Ҷӯрабек Назрӣ ёдовар шуда, таъкид кард, ки тадқиқот эшон дар адабиётшиносии муосир комилан чизи нав буд.

– Рисолаи “Мактабии Шерозӣ ва достони “Лайливу Маҷнун”-и ӯ” дар адабиётшиносии тоҷик бо вазну ранги нав таълиф гардида буд, ки куллан навоварӣ буд ва мо онро бо шавқ мутолиа менамудем.

Овозхони шинохта ва аз пайравони мактаби шодравон Ҷӯрабек Назрӣ, Қурбоналӣ Раҳмон дар мавриди пайравии худ ва дигар шогирдони мактаби устодаш  сухан кард ва ин мактабро як мактаби марзшикан ном бурд, ки дар паҳнои олами форсзабонон маъруфият дошт.

Ӯ ҳамчунин аз дӯстии инфиродии устодаш бо ҳунарманди маъруфи Шарқ Аҳмад Зоҳир ёдовар шуд ва инро як нуқтаи атфе дар равобити ҳунарии Тоҷикистону Афғонистон маънидод кард.

Ҷӯрабек Назрӣ рӯзи 24-уми майи соли гузашта дар 74-солагӣ даргузашт. Ӯ фориғуттаҳсили риштаи забону адаби Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро буд, ки дар мавзӯи ҷойгоҳ ва мақоми Мактабии Шерозӣ дар адабиёти форсу тоҷик рисолаи номзадӣ дифоъ карда буд. Чандин сол раёсати Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Се соли ахир мудири Маркази мероси хаттӣ буд. Ӯ баъди дифои рисолаи докторӣ, чанд сол пеш ба узвияти вобаста (аъзо-корреспондент)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пазируфта шуда буд.

Муддате ҳам дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кору зиндагӣ кардааст. Аз дӯстони наздики Аҳмад Зоҳир, ҳунарманди маъруфи Афғонистон будааст. Бар изофаи корҳои илмиву тадқиқотӣ яке аз овозхонҳои шинохтаи кишвар буд. Ба қавли ҳунарманди шинохта Ҷӯрабеки Мурод, "дар як китфаш ҳунар ва дар китфи дигараш илм ҷавонмардона ва тоҷикона илму ҳунарро пеш мебурд".

Дар маросими бозкушоии мақбараи овозхон ва донишманди фақид, фарҳангиёну алоқамандони дигари ҳунари ӯ, аз эшон ба унвони як фидоии илму фарҳанг ва худшиносии тоҷик ном бурданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.