Кремлин аз шиддати вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нигарон аст

Дар пасманзари хуруҷи неруҳои ҳарбии эътилофи кишварҳои Ғарб Русия аз шиддати вазъ дар Афгонистон ва рӯйи кор омадани манбаи нави ташаннуҷ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон нигарон аст. Дар ин бора сухангӯи президент Русия Дмитрий Песков рӯзи чоршанбе ба рӯзноманигорон изҳори назар кард, хабар медиҳад ТАСС. “Дар маҷмӯъ, ҷараёни рушди вазъ дар Афғонистон дар баробари хуруҷи […]

Asia-Plus

Дар пасманзари хуруҷи неруҳои ҳарбии эътилофи кишварҳои Ғарб Русия аз шиддати вазъ дар Афгонистон ва рӯйи кор омадани манбаи нави ташаннуҷ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон нигарон аст. Дар ин бора сухангӯи президент Русия Дмитрий Песков рӯзи чоршанбе ба рӯзноманигорон изҳори назар кард, хабар медиҳад ТАСС.

“Дар маҷмӯъ, ҷараёни рушди вазъ дар Афғонистон дар баробари хуруҷи неруҳои амрикоӣ ва дигар неруҳо аз ин кишвар сабаби таваҷҷуҳи хос ва нигаронии мост <…> Тоҷикистон кишвари ба мо хеле наздику шарик аст. Дарвоқеъ, аз пайдо шудани манбаи нави шиддат ва таҳдидҳо нигаронем”, – гуфтааст намояндаи Кремл.

Чанде пеш хабарнигори хабаргузории "Пажвок"-и Афғонистон Аҷмал Кокар ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки Шерхон Бандар, гузаргоҳи муҳими гумрукиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ба дасти "Толибон" гузашт.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа бархе аз неруҳои давлатии Афғонистон ба "Толибон" таслим шудаву бархеи дигар ба Тоҷикистон фирор кардаанд ва байни гурезаҳои афғон чанде аз мансабдорони маҳаллӣ низ ҳастанд.

Мувофиқи иттилои манбаъ, Раёсати гумрукии Шерхон Бандар биудни муқовимати мусаллаҳона ба ихтиёри Толибон гузаштааст.

Ёдрас мекунем, ки 20 июн раиси ВМКБ Ёдгор Файзов вобаста ба вазъ дар сарҳад машварати таъҷилӣ баргузор намуд.

“Вазъи ноамн дар Афғонистон моро водор месозад, ки суботи дохилиро таъмин намуда, дар сурати убури имконпазири сарҳади давлатӣ ба ҳимояи сарзамини муқаддас бархоста, тадбирҳои ҷавобӣ диҳем”, – изҳор дошта буд раиси вилоят.

Ёдгор Файзов тақвияти заминаи моддиву техникӣ ва кадриро дар мавзеъҳои наздисарҳадии ВМКБ тадбири муҳим дар ин самт арзёбӣ намуд.

Дар ин робита ӯ муайян кардани макони бехавф, захираи сӯзишвориву маводи хӯроворӣ, сарулибос ва нақлиётро дар сурати қабули гурезаҳои маҷбурӣ аз қаламрави кишвари ҳамсарҳад низ муҳим арзёбӣ кард.

Зимни мусоҳиба ба “Азия-Плюс” ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар сурати зарурат Тоҷикистон метавонад 10 ҳазор паноҳандаи Афғонистонро бипазирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.