Коронавирус дар Тоҷикистон: сироятёбии боз 18 нафар

Шоми 23 июн шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон, бино ба маълумоти Вазорати тандурустии кишвар, 13 ҳазору 358 нафарро ташкил медиҳад. Дар давоми шабонарӯзи ахир 18 ҳолати нави сирояти коронавирус муайян карда шудааст. Аз ин бармеояд, ки дар тӯли се рӯзи охир шумораи умумии сироятёфтагон ба 50 нафар расидааст: дар рӯзи эълони бақайдгирии ҳолатҳои нави коронавирус […]

Asia-Plus

Шоми 23 июн шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон, бино ба маълумоти Вазорати тандурустии кишвар, 13 ҳазору 358 нафарро ташкил медиҳад.

Дар давоми шабонарӯзи ахир 18 ҳолати нави сирояти коронавирус муайян карда шудааст.

Аз ин бармеояд, ки дар тӯли се рӯзи охир шумораи умумии сироятёфтагон ба 50 нафар расидааст: дар рӯзи эълони бақайдгирии ҳолатҳои нави коронавирус – 21 июн – 17 ҳолат, 22 июн – 15 ҳолат ва 23 июн – 18 ҳолат.

Шумораи шифоёфтагон тибқи омори расмӣ, ҳамчунон – 13 ҳазору 218 нафар боқӣ мондааст.

Омори фавтидагон низ бетағйир боқӣ мемонад: шумораи фавтҳо аз коронавирус дар Тоҷикистон аз оғози пандемия 90 нафарро ташкил медиҳад.

Аз рӯзи ошкор шудани дубораи коронавирус дар кишвар, то ҳол ягон чораи шадиди маҳдудкунанда пешбинӣ нашудааст.  Аз ҷумла, "раҳпаймоӣ" (маршировка)-и омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии истиқлолияти кишвар идома дорад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал овардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.