Эмомалӣ Раҳмон вазъи Афғонистонро бо сарони Ӯзбекистону Қазоқистон баррасӣ кард

Зимни суҳбати телефонии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим–Жомарт Токаев оид ба шиддат гирифтани вазъ дар ноҳияҳои шимолӣ ва шимоливу шарқии Афғонистон изҳори нигаронӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ин ба афзоиши ташаннуҷ боис гардида, ба ҳолати умумии таъмини амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин […]

Asia-Plus

Зимни суҳбати телефонии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим–Жомарт Токаев оид ба шиддат гирифтани вазъ дар ноҳияҳои шимолӣ ва шимоливу шарқии Афғонистон изҳори нигаронӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ин ба афзоиши ташаннуҷ боис гардида, ба ҳолати умумии таъмини амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар ин робита аҳаммияти идомаи ҳамоҳангии зичи хадамоти дахлдор ва идораҳои соҳавии ду кишвар чи дар асоси дуҷониба ва чи дар сатҳи бисёрҷониба таъкид гардид.

Сарони кишварҳо муҳиммияти мусоидати ҳамаҷониба ба оғози амалии раванди музокироти байниафғониро зикр карданд.

Роҳбарони ду давлат оид ба натиҷаҳои сафари расмии ба наздикӣ анҷомдодаи президенти Қазоқистон дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуда, ба тавофуқоте, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои Душанбе дар сатҳи олӣ ба даст омаданд, баҳои баланд доданд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кард, ки татбиқи пайгиронаи тавофуқоти мазкур ба рушди бемайлони шарикии стратегии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Вазъи имрӯзаи сиёсиву ҳарбии Афғонистонро Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефонӣ бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ баррасӣ кард.

Вазъи ташвишоваре, ки имрӯзҳо дар Афғонистони ҳамсоя, бахусус дар минтақаҳои шимолӣ ва шимоливу шарқии он ба вуқӯъ пайвастааст ва саросари онҳо хатти сарҳади давлатии ду кишвар бо Афғонистон мегузарад, хело ҳам шиддатнок арзёбӣ шуд.

Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сари он ақида омаданд, ки талошҳои муштаракро ҷиҳати дастгирии пешбурди раванди сулҳи байниафғонӣ ва мусоидат ба истиқрори сулҳу субот ва амният дар Афғонистони ҳамсоя идома диҳанд. Дар ин зимн омодагии ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамҳангсозии амалҳо дар ин самт таъкид гардид.

Дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди муҳокима қарор дода, ҷараёни устувори рушди онҳоро дар сиғаи шарикии стратегӣ зикр карданд ва аз натиҷаҳои музокироти начандон пешинаи сатҳи олӣ изҳори қаноатмандии амиқ намуданд.

Дар ин қарина ҷонибҳо аҳаммияти татбиқи ҳадафмандонаи мувофиқаҳои дар рафти ин сафар бадастомадаро, ки самтҳои калидии ҳамкориҳои ду кишварро фаро мегиранд, таъкид намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.