Раиси Суғд шумораи гирифторони коронавирусу илтиҳоби шушро 45 нафар гуфт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расман иттилоъ додааст, ки то рӯзи 22-уми июн дар ин вилоят 45 нафар беморони коронавирус ва илтиҳоби шуш бистарӣ шудаанд.  Ба гуфтаи ӯ аз ин шумора 37 нафар бо илтиҳоби шуш ва 8 нафар бар асари коронавирус дар беморхонаҳо бистарӣ ва зери назорати духтурон қарор доранд. Бино ба гузориши телевизиони […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расман иттилоъ додааст, ки то рӯзи 22-уми июн дар ин вилоят 45 нафар беморони коронавирус ва илтиҳоби шуш бистарӣ шудаанд.  Ба гуфтаи ӯ аз ин шумора 37 нафар бо илтиҳоби шуш ва 8 нафар бар асари коронавирус дар беморхонаҳо бистарӣ ва зери назорати духтурон қарор доранд.

Бино ба гузориши телевизиони маҳаллии “СМ-1” дар Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин бора расман зимни таҷлил аз ҷашни “Ваҳдат”, ки рӯзи 23-уми июн дар “Кохи Рӯдакӣ” доир шуд иттилоъ додааст. Ӯ аз фаъолону, роҳбарони сохторҳои гуногун даъват кардааст бо мардум корбарӣ кунанд, чораҳои беҳдоштиву поксозиро тақвият бахшанд ва ба воҳима дода нашаванд.

“Дар хонаҳо низ беморон ҳастанд, мо хона ба хона гашта дар сурати муайян шудани беморӣ  тез ба хонаи алоҳида ҷой кунем, имрӯз боду ҳаво ҳам хуб аст. Мо шароитҳоро фароҳам овардем ва бояд бо мардум бошем. Ба хусус калонсолон худатонро эҳтиёт кунед”.

Ба таъкиди раиси Суғд мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар мубориза бо бемории ҳамагир басанда ҳастанд ва ҳудуди 800 нафар корманди идораи беҳдоштиро ба корҳои поксозию тарғиботӣ пурра сафарбар кардаанд. Дар назар аст ба вилояти Суғд 100 ҳазор воя ваксина ворид шавад ва кормандони тиб, соҳаи маориф, ниҳодҳое, ки бевосита дар робитаи  зич бо мардум кор мекунанд ва сокинони аз 60-сола боло эм карда шаванд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ахиран рӯзи 21-уми июн эълон кард, ки дар Тоҷикистон дигарбора коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар се рӯзи гузашта санаи 21-уми июн 17 нафар, 22-уми июн 15 нафар ва 23-уми июн 18 нафар дар умум давоми се рӯз 50 нафар ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Дар умум шумори беморони коронавирус дар Тоҷикистон ба 13358 нафар расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.