Даргузашти ҳунарманд ва коргардони маъруф Ёрмаҳмад Аралев дар синни 67-солагӣ

Ёрмаҳмад Аралев, ҳунарманд ва коргардони маъруфи синамо, шоми 23-юми июн бар асари беморие, ки дошт, дар синни 67-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Ба гуфтаи наздиконаш солҳои ахир аз бемории музмини қанд ранҷ мебурд.  Қарор аст маросими видоъ ва ҷанозаи ин коргардони маъруф дар назди хонааш, бинои баландошёни "Ватан" ва намози ҷаноза дар масҷиди Сари Осиё баргузор […]

Asia-Plus

Ёрмаҳмад Аралев, ҳунарманд ва коргардони маъруфи синамо, шоми 23-юми июн бар асари беморие, ки дошт, дар синни 67-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Ба гуфтаи наздиконаш солҳои ахир аз бемории музмини қанд ранҷ мебурд. 

Қарор аст маросими видоъ ва ҷанозаи ин коргардони маъруф дар назди хонааш, бинои баландошёни "Ватан" ва намози ҷаноза дар масҷиди Сари Осиё баргузор мешавад. 

Ёрмаҳмад Аралев хатмкардаи риштаҳои ҳунармандӣ ва коргардонии  Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематографии Маскав буд. Ӯ пас аз хат солҳои 1975-1979 ба сифати ҳунарманди Тетарти академии драмаи ба номи Лоҳутӣ кор кардааст.  Аз соли 1984 то соли 1992 коргардони  филмҳои мустанад ва бадеӣ, иҷрокунандаи нақшҳо дар филмҳои гуногун буд. Солҳои 1991-1992 як муддат котиби  Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ҳам буд. 

Аз соли 2005 ба ин сӯ роҳбари бадеии киностудияи "МК" буд. Аз соли 1968 узви Иттиҳодияи синамогарони Шӯравӣ. Дар соли 2005 мукофоти давлатии ордем "Шараф"-ро соҳиб шудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.