Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон меояд, расмӣ. Барои ҳалли баҳсҳои марзӣ?

Рӯзҳои 28-29 июни соли равон сафари расмии президенти Қирғизистон Содир Жапаров ба Тоҷикистон баргузор мегардад, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. Дар бораи баррасӣ шудани кадом масъалаҳо байни ҷонибҳо дар ин сафар чизе гуфта нашудааст. Қобили зикр аст, ки ин нахустин сафари Содир Жапаров ба Тоҷикистон ба унвони президенти Қирғизистон аст. Ҳанӯз […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 28-29 июни соли равон сафари расмии президенти Қирғизистон Содир Жапаров ба Тоҷикистон баргузор мегардад, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар бораи баррасӣ шудани кадом масъалаҳо байни ҷонибҳо дар ин сафар чизе гуфта нашудааст.

Қобили зикр аст, ки ин нахустин сафари Содир Жапаров ба Тоҷикистон ба унвони президенти Қирғизистон аст.

Ҳанӯз 30 апрел сарони кишварҳо ба тавофуқ расида буданд, ки нимаи моҳи май дар Душанбе нишасти рӯ ба рӯ баргузор мекунанд.

Он замон Эмомалӣ Раҳмон аз Содир Жапаров ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар аввалин фурсати муносиб даъват ба амал оварда, даъват бо камоли майл аз ҷониби президенти Қирғизистон пазируфта шуд.

Дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо оид ба ҳодисаҳои низоъбарангези ноҳияҳои сарҳадӣ ибрози андеша намуда, вазъи сарҳадоти байни Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор дода буданд.

“Аҳаммияти хоссаи иҷрои пайвастаи мувофиқаҳои бадастомада, ки ба муътадил намудани вазъият ва роҳ надодан ба шиддат гирифтани он, аз ҷумла оташбаси комил ва хуруҷи қушунҳо аз хатти марз дар муҳлатҳои муайянгардида   равона шуданд, таъкид гардид”, – хабар дода буд он замон хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон.

Дар ин зимн президентҳо муҳиммияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистонро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи раванди гуфтушунидҳои марбут ба масъалаҳои марзӣ таъкид намуда буданд.

Дар рафти суҳбати рӯзи дигар, 1 май сарони давлатҳо ҷараёни амалӣ гардонидани мувофиқаҳои байни ҷонибҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон бадастомадаро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн ба масъалаҳои риояи оташбаси комил ва баргардонидани нерӯҳои низомӣ ба маконҳои домии онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.