Ба ҷойи ман бош ё чаро Орзу Исо бо аробачаи маъюбӣ роҳ меравад?

Дар Тоҷикистон барномаи давлатии "Муҳити дастрас" барои солҳои 2021-2025 тарҳрезӣ шудааст. Ин барнома, интизор меравад зиндагии нафарони дорои маъюбият, аз ҷумла онҳоеро, ки тариқи аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекунанд, осон кунад. Аз сар гирифтани ин барнома дар ҳолест, ки ҳанӯз соли 2012 қонунгузории Тоҷикистон нақшакашӣ ва сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, нуқтаҳои хидматрасониву фароғат ва дигар объектҳои иҷтимоиро бе […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Хуршед Қурбоншоев

Дар Тоҷикистон барномаи давлатии "Муҳити дастрас" барои солҳои 2021-2025 тарҳрезӣ шудааст. Ин барнома, интизор меравад зиндагии нафарони дорои маъюбият, аз ҷумла онҳоеро, ки тариқи аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекунанд, осон кунад.

Аз сар гирифтани ин барнома дар ҳолест, ки ҳанӯз соли 2012 қонунгузории Тоҷикистон нақшакашӣ ва сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, нуқтаҳои хидматрасониву фароғат ва дигар объектҳои иҷтимоиро бе дарназардошти фароҳамсозии имконият барои маълулон, манъ кардааст.  Барои нақзи ин қоидаҳо ширкати сохтмонӣ бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Вале дар асл аксари биноҳои нав, ҳатто дар ҳудуди пойтахт барои нафарони дорои маъюбият лифт ва ё гузаргоҳу баромадгоҳи махсус надоранд. Беш аз ин, аксари муассисаву идораҳои давлатӣ барои вуруд ва истифодаи нафари эҳтиёҷи махсусдошта созгор нестанд.

Барои ошкор кардани нуқси роҳу гузаргоҳҳо ва то кадом андоза созгор будани зерсохтҳои шаҳр барои маълулон, таҳиягарони як лоиҳаи вижа нафарони ҷамъиятиро ба ҷойи маълулон қарор дода, таассуроти онҳоро сабт кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.