Ҳавопаймои №1 ба Душанбе расидааст. Мақомоти Тоҷикистон шарҳ намедиҳанд

Asia-Plus

Ҳавопаймои “Boeing 787-8 Dreamliner”, ки гуфта мешавад Тоҷикистон аз Мексика бо харҷи 92 миллион доллар махсус барои сафарҳои президенти кишвар харидааст, субҳи имрӯз 15-уми май ба Тоҷикистон расидааст. Мақомот дар бораи харидорӣ ва истифодаи ин ҳавопаймо шарҳе намедиҳанд.

Пойгоҳи “Flight Radar”, ки паврози ҳавопаймоҳоро дар реҷаи мустақим пахш мекунад, нишон медиҳад, ки ҳавопаймо бо рамзи “EY-001” аз Сан-Бернардино парвозро оғоз карда, соати 7:36-и субҳи 15-уми май дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе нишастааст.

Ҳамчунин, дирӯз, 14-уми май Боб Ален, як масъули ширкати “Nomadic Aviation Group”, ки ба санҷиш, рангубор ва иҷораи ҳавопаймоҳо машғул аст, ба бо нашри чанд акс аз дохил ва беруни ҳавопаймо дар саҳифааш дар “Твиттер” хабар дод, ки ин ҳавопаймо баъди рангубор ва нашри ному нишонаи Тоҷикистон ба ин кишвар парвоз кард.

Ин ҳавопаймо, ки пештар рамз ва нишони Мексика дошт, дар Сан-Бернардинои Иёлати Аризонаи Амрико рангубор карда шуда, нишони Тоҷикистон насб шудааст.

Қаблан, гуфта мешуд, ки ин ҳавопаймо махсусан барои сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон  харидорӣ шудааст.

Ҳамчунин, аз рангубор ва нашри нишони давлатии Тоҷикистон- нишон ва парчам дар ҳавопаймо маълум аст, ки ҳавопайморо хос барои сафарҳои президент аст ва танҳо ҳавопаймои рақами 1 метавонад номи кишвар ва нишони давлатиро дошта бошад.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон дар бораи харидории ин ҳавопаймо изҳори назар намекунанд.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” дар робита ба тасдиқи овардани ҳавопаймои махсуси раисиҷумҳур ба Душанбе ва шарҳи дигар дар робита ба ин ҳавопаймо танҳо гуфт, “маълумот” надорам”.

Ҳамчунин, кушишҳои мо барои дарёфти иттилои бештар дар бораи харидорӣ ва овардани он ба Душанбе аз Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи авмоли давлатии Тоҷикистон бенатиҷа анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ, маълум нест, ки ин ҳавопайморо ширкати алоҳидаи харидорӣ кардааст ё ҳукумти кишвар.

Эмомалӣ Раҳмон қаблан бо ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” парвоз мекард.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21-уми апрел Лопез Обрадор, раисиҷумҳури Мексика, дар Твиттер хабар дод, ки ҳавопаймое, ки соли 2012 барои раисиҷумҳури ин кишвар харида буд, ба ҳукумати Тоҷикистон бо арзиши 92 млн додллар фурӯхтааст. Ҳарчанд  арзиши аслиаш 218 миллион доллар буд.

Раисиҷумҳури Мексика гуфта буд,  ки бо пули ҳавопаймо дар аёлатҳои фақири Герреро ва Оаксака бемористон хоҳанд сохт.

Ин навъи ҳавопаймоҳо асосан барои раҳбарони давлатҳо аст ва ё сарватмандоне, ки ҳавопаймои хусусӣ мехаранд.

Хабари харидорӣ ва ба Душанбе овардани ҳавопаймои ба қавле “борт №1” дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсеро ба миён овардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...