Ҳабси 50 муҳоҷир дар Маскав дар робита ба қазияи бозори “Садовод”

Asia-Plus

Суди ноҳияи Люблинои шаҳри Маскав нисбат ба 73 муҳоҷир, ки рӯзи 15 декабр дар муноқиша бо кормандони пулис дар назди бозори “Садовод” иштирок доштанд, ҳукм содир намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти судҳои салоҳияти умумии Маскав.

“51 нафар дар итоат накардан ба талаби қонунии корманди пулис зимни иҷрои уҳдадориҳои хидматӣ оид ба таъмини тартибот  ва амнияти ҷамъиятӣ гунаҳкор дониста шуда, нисбати онҳо ҷазои ҳабси маъмурӣ (қ. 1, модд. 19.3 КҲМ ФР) татбиқ шуд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Таъкид мешавад, ки боз 22 нафари дигар ба содир кардани ҷиноят мутобиқи моддаи 18.8, қ. 3 ва 18.8 қ. 3.1 КҲМ ФР (Аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ риоя накардани қоидаҳои вуруд ба Русия ё реҷаи будубош (зист) дар Русия) гунаҳкор эътироф гардида, ба маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ бо минбаъд хориҷ кардан аз кишвар фиристода шудаанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки иштирокчии асосии ин ҳодиса таксирони тоҷики машғули кор дар Маскав Суҳроб Юсуфов бо айби таҳқири корманди хадамоти амният то 16 феврал ба ҳабс гирифта шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти муттаҳидаи судҳои Маскав, ба Юсуфови 21-сола дар “зӯроварӣ нисбат ба корманди хадамоти амният (модд. 318, қ. 1 КҶ ФР) ва “таҳқири шахси мансабдор (модд. 319 КҶ ФР) айбнома пешниҳод шудааст.

Мувофиқи фарзияи мақомоти тафтишот, рӯзи 15 декабр ронандаи 21-сола ба амри корманди пулис ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳо “итоат накарда, ба ҳаёт ва саломатии ӯ хатар эҷод кард”.

Юсуфов ин айбномаҳоро рад кард. Тафтишот зери назорати шахсии роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин қарор дода шудааст.

Як шоҳиди ин ҳодиса рӯзи 18-уми декабр ба шарти зикр нашудани номаш ба “Азия-Плюс” гуфт, корманди пулис бо либоси мулкӣ ба ронанда ҳамла карда, аз чӯбдаст (дубинка) ва электрошокер истифода бурд.

Ин амалҳоро ӯ баъди фармонаш ба таксирон дар мавриди мошинашро аз роҳ гирифтан содир намуда, то ба ягон амал даст задани Юсуфов интизор нашуд ва ба лату кӯби ӯ оғоз кард.

Як гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон аз чунин рафтори бераҳмона нисбати таксирон эътироз карданд. Пас аз ин бо мусоидати дигар кормандони пулис ва ОМОН ҳамаи онҳо боздошт шуданд.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Русия дар бораи фарзияи дигари рух додани ҳодиса хабар медиҳанд.

Нозири минтақавии пулис Суҳроб Юсуфовро дар кӯчаи Верхние поля барои тафтиши ҳуҷҷатҳо боздошт мекунад. Юсуфов ба талаботи корманди пулис итоат накарда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки фирор кунад ва ҳатто ба корманди пулис ҳамла мекунад, менависад "Осторожно, Москва".

Тибқи фарзияи мақомоти пулис, дар лаҳзаи боздошт эҳтимол дарди эпилепсияи Юсуфов хуруҷ кардааст.

Ҳангоми расонидани кумак ба боздоштшуда як гурӯҳи шаҳрвандон аз ҳисоби муҳоҷирон дахолат карда, мехоҳанд, ки боздоштшудар озод кунанд ва ба автомашинаи хидматӣ осеб мерасонанд.

Кормандони пулис ду тири огоҳикунанда ба ҳаво холӣ мекунанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар мавриди ин ҳодиса то ҳол шарҳи расмӣ надодааст.

Бозори “Садовод” яке аз бузургтарин бозорҳо дар Маскав маҳсуб меёбад, ки дар он қисми назарраси шаҳрвандони Тоҷикистон машғули коранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...