“Фурсати донистан”: Дар кадом ҳолатҳо истеҳсолоти иҷро қатъ карда мешавад?

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи қатъ намудани истеҳсолоти иҷроро баррасӣ намуданд.  

 

Асосҳои қатъ намудани истеҳсолоти иҷро кадомҳоянд? 

Истеҳсолоти иҷро пас аз иҷро қатъ мегардад. Дар ин ҳолат иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд.

Истеҳсолоти иҷро аз ҷониби суд дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:

– аз тарафи суд қабул кардани даст кашидани ситонанда аз ситониш;

– ситонанда ва қарздор созиши оштӣ баста бошанд ва онро суд тасдиқ карда бошад;

– фавти шаҳрванд, ки ситонанда ё қарздор аст ё фавтида эълон кардан ё бедарак ғоиб эътироф намудани ӯ, агар талабот ё уҳдадориҳои муқаррарнамудаи санади суд наметавонад ба вориси ҳуқуқии шахси фавтида эълонкарда ё бедарак ғоиб эътирофгардида ё ба идоракунандаи молу мулки шахси бедарак ғоиб гузарад;

– нокифоягии молу мулки ташкилоти барҳамхӯрда барои қонеъгардонии талаботи ситонанда;

– бекор кардани санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст ё ҳуҷҷате, ки мутобиқи талаботи қонун ҳуҷҷати иҷро ба ҳисоб меравад;

– даст кашидани ситонанда аз қабули молу мулке, ки ҳангоми иҷрои ҳалнома аз қарздор ҷиҳати супоридани он ба ситонанда кашида гирифта шудааст, инчунин истифода набурдан аз ҳуқуқҳои худ ҷиҳати ба моликият қабул намудани молу мулки таҳти гарав қарордошта.

 

Тартиби қатъ намудани истеҳсолоти иҷро чигуна аст? 

Қатъ намудани истеҳсолоти иҷро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуни соҳавии иҷро амалӣ карда мешавад.

Ҳуҷҷати иҷро, ки дар асоси санади судӣ дода шудааст (ба истиснои санади аз рӯи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ додашуда) ва аз рӯи он ситониш гузаронида нашудааст ё пурра гузаронида нашудааст, бо қарори иҷрочии мақомоти иҷро ба ситонанда дар ҳолатҳои зерин баргардонида мешавад:

– дар асоси аризаи ситонанда;

– агар муқаррар намудани суроғаи қарздор-ташкилот ё маҳалли истиқомати қарздор – шаҳрванд, маҳалли ҷойгиршавии молу мулки қарздор ва ё гирифтани маълумот оид ба мавҷудияти маблағҳои пулӣ ва дигар сарватҳои ба ӯ тааллуқдошта, ки дар суратҳисобҳо, пасандозҳо ё дар нигаҳдории бонкҳо ё дигар ташкилотҳои кредитӣ ҷой доранд (ба истиснои ҳолатҳое, ки тибқи Қонуни мазкур кофтукови қарздор ё моликияти ӯ пешбинӣ шудааст) имконнопазир бошад;

– агар қарздор молу мулк, маблағҳои пулӣ, қоғазҳои қиматнок ё даромадеро, ки ба он бояд ситониш нигаронида шавад, надошта бошад;

– агар ситонанда аз гирифтани молу мулки қарздор, ки ҳангоми иҷрои қарор фурӯхта нашудааст ё ашёи муайяне, ки бо санади судӣ аз қарздор гирифта шудааст, даст кашад;

– агар ситонанда бо амалҳо (беамалӣ) – и худ ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро монеъ шавад;

– ҳангоми азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии ташкилот набудани вориси ҳуқуқӣ.

 

Тартиби баргардонидани ҳуҷҷати иҷро чигуна аст? 

Ҳуҷҷатҳои иҷрое, ки дар асоси санадҳои мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдор дода шудаанд ва иҷрояшон таъмин нагардидаанд ё нопурра иҷро шудаанд, аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро ба мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки ин қарорро қабул кардааст, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун бо қабули қарор баргардонида мешаванд.

Баргардонидани ҳуҷҷати иҷро ба мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки қарори таъини ҷазои маъмуриро қабул кардааст, инчунин дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:

– пурра иҷро гардидан;

– агар қарздор шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд буда, аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шуда бошад;

– пешниҳод гардидани санади дахлдор оид ба тағйир ёфтани талаботи ҳуҷҷати иҷро.

Ҳуҷҷати иҷрое, ки дар асоси гуфтаҳои болозикр ба ситонанда баргардонида шудааст, дар давоми шаш моҳ аз лаҳзаи қабули қарор такроран барои иҷро қабул карда намешавад. Ин талабот ҳангоми аз ҷониби ситонанда пешниҳод намудани маълумоти асоснок ҷиҳати ба даст овардани молу мулк ё ба муносибати нави меҳнатӣ ворид шудани қарздор, паҳн намегардад.

Ҳуҷҷати иҷро, ки дар асоси санади судӣ дода шудааст ва иҷрои талаботи он, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун таъмин, тағйир ё қатъ карда шудааст, бо қайди махсус ба суде, ки парвандаро баррасӣ намудааст, баргардонида мешавад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд

Наврӯз ҷашни суннатии эрониён аст, аммо имрӯз дар Тоҷикистон, ва баъзе манотиқи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз анъанаҳои замоне маъмули он, аз ҷумла хонатаконӣ, пухтани суманак,...

Холмурод Раҳмон, раисе, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кораш таъриф карда буд, даргузашт

Ӯро имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супориданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд

Зарбулаҷали 48 - соата барои Эрон ҳам, баъди посухи таҳдидомези Теҳрон, 5 рӯз ба таъхир афтод.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.