“Корвони Наврӯз” дар Душанбе баргузор мешавад

Имрӯз дар майдони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе чорабинии асосӣ бахшида ба ҷашни байнулмилалии Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ – “Корвони Наврӯз” баргузор мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт. Оғозит чорабинӣ соати 19:00 ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло маълум нест, ки дар он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавре ки қаблан пешбинӣ шуда буд, иштирок мекунад ё […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Имрӯз дар майдони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе чорабинии асосӣ бахшида ба ҷашни байнулмилалии Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ – “Корвони Наврӯз” баргузор мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт.

Оғозит чорабинӣ соати 19:00 ба нақша гирифта шудааст.

Ҳоло маълум нест, ки дар он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавре ки қаблан пешбинӣ шуда буд, иштирок мекунад ё не.

Айни замон тасдиқи ин маълумот дар шаҳрдории пойтахт ва дар хадамоти матбуоти сарвари давлат муяссар нашуд.

Қобили зикр аст, ки баргузории чорабиниҳои идона ба муносибати ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ду маротиба ба вақти дигар гузаронида шуд: аввал бо сабаби обуҳавои номусоид аз 21 ба 24 март ва сипас шаҳрдории пойтахт дар бораи ба рӯзи 25-ум гузаронидани он хабар дод. Сабаби тасмими ахир дақиқ шарҳ дода нашуда буд.

Рӯзи 24 март дар Русия ба хотири гиромидошти ёди қурбониён бар асари амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” Рӯзи мотами умумимиллӣ эълон шуд.

Теъдоди қурбониёни ин амали террористӣ ба 137 нафар расид, ки серталафоттарин амали террористӣ дар Русия тайи 20 соли ахир мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.