Ҷашни Наврӯз дар Душанбе дар моҳи Рамазон чӣ гуна таҷлил мешавад?

Таҷлили ҷашни байнулмилалии Наврӯз имсол ба моҳи шарифи Рамазон рост меояд. Дар ин робита ҳамаи чорабиниҳои фарҳангӣ асосан шомгоҳон баргузор мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд. “Чунин тасмим барои он гирифта шуд, ки ҷашнро шахсони рӯзадор низ дар моҳи шарифи Рамазон таҷлил карда тавонанд”, – гуфтанд дар шаҳрдорӣ. Қобили зикр […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Таҷлили ҷашни байнулмилалии Наврӯз имсол ба моҳи шарифи Рамазон рост меояд.

Дар ин робита ҳамаи чорабиниҳои фарҳангӣ асосан шомгоҳон баргузор мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд.

“Чунин тасмим барои он гирифта шуд, ки ҷашнро шахсони рӯзадор низ дар моҳи шарифи Рамазон таҷлил карда тавонанд”, – гуфтанд дар шаҳрдорӣ.

Қобили зикр аст, ки моҳи шарифи Рамазон имсол 11 март оғоз гардида, то 9 апрел давом мекунад. Давоми рӯз рӯзадорон аз истеъмоли таъом ва нӯшокиҳо худдорӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 19-20 март чорабиниҳои идона шомгоҳон дар тамоми боғҳои шаҳр баргузор мешаванд.

“Ошпазҳо таъомҳои миллии болаззат пухта, занон дар дегҳои калон ба пухтани суманак машғул мешаванд”, – хабар дод манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, баргузории  чорабиниҳои идона дар боғҳои “Куруши Кабир” дар ноҳияи Шоҳмансур, ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ба номи Фирдавсӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Умари Хайём дар ноҳияи Сино ба нақша гирифта шудааст.

Чорабиниҳои асосӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ имсол рӯзи 21 март дар майдони “Истиқлол”-и пойтахт бо иштироки президенти Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Дар ин рӯз, тибқи маълумоти шаҳрдорӣ, мувофиқи қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ раҳпаймоии “Корвони Наврӯз” доир гардида, барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва сайругаштҳои идона ташкил карда мешаванд.

Рӯзи 22 март дар “Боғи Ирам” Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба расму оинҳои ҷашни Наврӯз чорабинӣ ташкил мекунад.

Наврӯз ҷашни эҳёи олами хуфта, бедории табиат, оғози корҳои кишоварзӣ мебошад, ки паёмовари фасли баҳор, навшавии сол, омадани фасли гармо ба шумор меравад. 23 феврали соли 2023 Маҷмаи Умумии СММ 21 мартро ҳамчун Рӯзи байнулмилалии Наврӯз эътироф намуд. Ҳамчунин ҷашни Наврӯз ба руйхати мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО дохил шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.