Падару ду писар. Боз 3 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро ба ҳабс гирифтанд

Asia-Plus

Кумитаи тафтишоти Русия ба Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки боз 3 нафар айбдоршавандагон ба ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” ба ҳабс гирифта шаванд. Дар ин бора ба хабаргузории РИА Новости аз ин додгоҳ хабар додаанд.

Тавре ки аз маводи парванда бармеояд, айбдоршавандагон – ду бародар ва падари онҳо – Аминҷон, Диловар ва Исроил Исломовҳо мебошанд.

Нақши бевоситаи ҳар кадоме аз гумонбаршавандагон ҳанӯз дақиқан маълум нест.

Ба навиштаи “Новая газета Европа”, яке аз айбдоршавандагон – соҳиби охирини автомашинаи “Рено” будааст, ки тариқи он гунаҳкорони ҳамлаи террористӣ мехостанд пинҳон шаванд.

Худи ӯ иддао дорад, ки мошинро "тақрибан як ҳафта пеш" ба бародари ҳамсараш фурӯхтааст.

Бояд гуфт, ки рӯзи 23-юми март Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия аз боздошти 11 нафар бо иттиҳоми анҷоми ҳамлаи террористӣ хабар дод.

Аз ин шумор, ба гуфтаи тафтишот, чаҳор нафар – Далерҷон Мирзоев, Саидакрами Раҷабализода, Муҳаммадсобир Файзов ва Шамсиддин Фаридунӣ – бевосита айбдоршавандагон ба ҳамлаи террористӣ гумонбар дониста мешаванд.

Онҳо шоми 24-уми март ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.  Дар бораи кӣ будани 7 гумонбарони дигар хабар дода нашуда буд.

Тибқи маълумоти Кумитаи тафтишот то 24 март, бар асари ҳамла террористӣ ба толори консертии “Корокус Сити Холл” 137 нафар (тибқи маълумоти ғайрирасмии Baza – 144 нафар) ҳалок шуданд.

Ба иттилои Вазорати тандурустии вилояти Маскав 182 нафар осеб дида, 97 кас пас аз амали террористӣ дар беморхонаҳо қарор доранд.

“Дар Крокус Сити Холл” изҳор доштаанд, ки ҳангоми амали террористӣ 5 ҳазор нафарро аз бино берун бароварда, кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода ҳудуди 100 нафарро наҷот додаанд.

Ҳоло дақиқан маълум нест, ки дар ин рӯз дар толори “Крокус” ҳамагӣ чанд нафар ҳузур доштанд. Толори тамошобинон 6200 ҷойи нишаст дорад ва бо назардошти толори рақс, он ба сурати умум барои 7233 нафар пешбинӣ шудааст. Намояндагони гурӯҳи “Пикник” гуфтаанд, ҳамон рӯз ба консерти онҳо ҳамаи билетҳо фурӯхта шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд

Наврӯз ҷашни суннатии эрониён аст, аммо имрӯз дар Тоҷикистон, ва баъзе манотиқи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз анъанаҳои замоне маъмули он, аз ҷумла хонатаконӣ, пухтани суманак,...

Холмурод Раҳмон, раисе, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кораш таъриф карда буд, даргузашт

Ӯро имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супориданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд

Зарбулаҷали 48 - соата барои Эрон ҳам, баъди посухи таҳдидомези Теҳрон, 5 рӯз ба таъхир афтод.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.