Тоҷикистон метавонад ба даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳхат гирад?

Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии чоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ доир мегардад. Оғози вохӯрӣ – соати 20:00. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби Тоҷикистон пас аз бозгашт аз Арабистони Саудӣ омодагиҳоро ба ин бозӣ оғоз намуда, футболбозони тими миллӣ нахуст […]

Asia-Plus

Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии чоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ доир мегардад. Оғози вохӯрӣ – соати 20:00.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби Тоҷикистон пас аз бозгашт аз Арабистони Саудӣ омодагиҳоро ба ин бозӣ оғоз намуда, футболбозони тими миллӣ нахуст дар толори варзишӣ ва баъдан дар майдони футбол машқу тамрин карданд.

Ёдрас мекунем, ки дар бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» футболбозони тоҷик дар мизбонӣ аз Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрданд. Дар бозии дигари гурӯҳи “G” Урдун дар меҳмонӣ бар дастаи Покистон бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ шуд.

Ба ин тариқ, дар гурӯҳи “G” Арабистони Саудӣ бо касби 9 имтиёз зинаи аввалро ишғол мекунад. Тоҷикистону Урдун 4-имтиёзӣ дошта, мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро касб кардаанд. Покистон ҳар се бозиро бохта, ягон имтиёз нагирифтааст ва дар зинаи охирин қарор дорад.

Тавре ки дар боло гуфтем, имрӯз дар гурӯҳи “G” бозиҳои даври чорум доир гардида, Тоҷикистон дар майдони худ дастаи Арабистони Саудиро қабул мекунад. Дар вохӯрии дигари гурӯҳ дастаҳои Урдун ва Покистон бозӣ мекунанд. Қобили зикр аст, ки ба тими миллии Арабистони Саудӣ яке аз мураббиёни маъруфи футбол – мутахассиси итолиёвӣ Роберто Манчини роҳбарӣ мекунад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон аз тамоми мухлисон даъват кардааст, ки ба варзишгоҳ омада, дар чунин бозии муҳим дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд.

Гела Шекиладзе, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ изҳор доштааст, ки “барои пирӯзӣ бар Арабистони Саудӣ футболбозон бояд тамоми кӯшишҳои худро дар майдон ба харҷ дода, барои натиҷаи мусбат тамоми қувваи худро сарф созанд”.

Дарвозабони тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов доир ба интизориҳояш аз ин вохӯрӣ зикр кардааст, ки "бозӣ бо Арабистони Саудӣ хеле муҳим буда, бо пирӯзӣ дар ин бозӣ, мо имкони роҳ ёфтан ба даври навбатии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро хеле зиёд мекунем”.

“Ҳама бозигарон мехоҳанд, ки ба марҳилаи баъдӣ бирасанд ва соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027 шаванд, – иброз доштааст ӯ. – Тамоми мухлисонро барои дастгирӣ даъват менамоям. Мухлисон бозигари 12-уми мо мебошанд. Мо воқеан ба дастгирии мухлисон ниёз дорем. Онҳо моро такони иловагӣ медиҳанд”.

Қобили зикр аст, ки дар Конфедератсияи футболи Осиё марҳилаи интихобии Чемпионати футболи ҷаҳон-2026 аз 5 давр иборат аст.

Дар марҳилаи аввал 20 дастаи рейтингашон пасти ФИФА бо ҳамдигар ду бозӣ гузаронида, 10 дастаи ғолиб ба марҳилаи минбаъда роҳ меёбанд.

Дар марҳилаи дуюм онҳо ба 26 дастаи рейтингашон баланд ҳамроҳ шуда, ин 36 даста ба 9 гурӯҳи ҳар кадоме иборат аз 4 даста тақсим мешаванд.

Дастаҳое, ки зинаҳои 1-ум ва 2-юмро ишғол мекунанд, ба марҳилаи сеюм баромада, ҳамзамон ба даври финалии мусобиқаи навбатии Ҷоми Осиё роҳхат мегиранд. Дар марҳилаи сеюм 18 даста ба 3 гурӯҳи ҳар кадоме иборат аз 6 даста тақсим мешаванд. Ду дастаи аввали ҳар кадоме аз гурӯҳҳо мустақиман ба даври финалии Чемпионати ҷаҳон-2026 роҳхат мегиранд.

Дастаҳое, ки зинаҳои 3-юм ва 4-умро ишғол мекунанд, дар марҳилаи 4-ум ба 2 гурӯҳи ҳар кадоме иборат аз 3 даста тақсим шуда, дастаҳои ғолиби ин ду гурӯҳ ба тимҳои иштирокчии даврии финалии ЧҶ-2026 ҳамроҳ мешаванд.

Ва дар ниҳоят дар даври 5-уми марҳилаи интихобӣ ду дастае, ки дар даври 4-ум дар гурӯҳҳои худ зинаи дуюмро ишғол мекунанд, бо ҳамдигар бозӣ карда, ғолиби вохӯрӣ ба бозии байниқитъавӣ роҳхат мегирад.

Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2026 аз 11 июн то 19 июл бори нахуст дар се кишвар – Канада, Мексика ва ИМА баргузор мешавад. Ҳамчунин бори аввал дар ин чемпионат 48 даста иштирок мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.