Эмомалӣ Раҳмон ҳодисаи “Крокус”-ро амали нангину мудҳиш хонд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамлаи ҳаросафкан дар толори консертии “Крокус Сити Холл” дар Маскавро нангин ва мудҳиш хонда, аз падару модарон даъват кард, ки ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, то онҳоро аз чунин аъмол ҳифз кунанд ва номи миллати тоҷикро бадном накунанд. Ӯ шоми дирӯз, 25-уми март зимни суханронӣ дар корвони наврӯзии «Корвони […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамлаи ҳаросафкан дар толори консертии “Крокус Сити Холл” дар Маскавро нангин ва мудҳиш хонда, аз падару модарон даъват кард, ки ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, то онҳоро аз чунин аъмол ҳифз кунанд ва номи миллати тоҷикро бадном накунанд.

Ӯ шоми дирӯз, 25-уми март зимни суханронӣ дар корвони наврӯзии «Корвони шодӣ» дар майдони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе гуфт, ҷавонони тоҷикро бояд аз таъсири гурӯҳу созмонҳои ҳаросафкан ҳифз кард.

“Такроран таъкид менамоям, ки мо бояд наврасону ҷавононро аз таъсири чунин гурӯҳу ҳаракатҳои харобкору даҳшатафкан эмин нигоҳ дорем ва нагузорем, ки фарзандони мо ба номи неки миллати тоҷик, давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва падару модари худ иснод оваранд”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз ин бештар дар робита ба ҳодисаи Крокус Сити Холл суҳбат накард.

Ҳодисаи мудҳиш хондани ҳамлаи ҳаросафкан дар Москав аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки ӯ дар гузашта ҳам ин ҳодисаро маҳкум карда дар суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, президенти Русия гуфта буд, ки “террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”.

Дар ин ҳамлаи террористӣ ба иттилои расмӣ 139 нафар ҳалок шуда, беш аз 200 нафар маҷруҳ шуданд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 23-юми март Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия аз боздошти 11 нафар бо иттиҳоми анҷоми ҳамлаи террористӣ хабар дод.

Аз ин шумор, ба гуфтаи тафтишот, чаҳор нафар – Далерҷон Мирзоев, Саидакрами Раҷабализода, Муҳаммадсобир Файзов ва Шамсиддин Фаридунӣ – бевосита айбдоршавандагон ба ҳамлаи террористӣ гумонбар дониста мешаванд. Онҳо шоми 24-уми март ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.  Дар бораи кӣ будани 7 гумонбарони дигар хабар дода нашуда буд.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз, 25-уми март боз 3 нафари дигари ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд, ки ба гуфтаи тафтишот ба гумонбарони асосии ҳамлаи ҳаросафкан кӯмак карданд. Ҳоло табааи ин афрод маълум нест, вале онҳо падару ду писар буда, бо ишор ба ному насаби тоҷикиашон эҳтимол онҳо низ зодагони Тоҷикистон бошанд.

Пас аз хабарҳои эҳтимолияти даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамлаи террористӣ дар бахши русии шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаҳо ва шарҳҳо бо даъвати ихроҷи кулли тоҷикон аз Русия, пеш кардани онҳо аз кор ва худдорӣ аз сафар дар таксӣ бо ронандагони тоҷик оғоз ёфт.

Аммо баъдан шахсиятҳои маъруф ва блогерон ба худдорӣ даъват карданд ва ёдовар шуданд, ки терроризм миллат надорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.