“Қаҳрамонон”-и заминфурӯшӣ? Раиси Кумитаи замин номи як силсила заминфурӯшонро расонаӣ кард

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ аз мансабдороне ном бурд, даст ба заминфурӯшӣ задаанд ва даъво кард, ки аксари онҳо аз вазифа барканор шудаанд.

 

“Қаҳрамонон”-и заминфурӯшӣ

Ба гуфтаи ӯ, дар 6 моҳи аввали соли равон нисбати 36 нафар кормандони ин ниҳод, аз ҷумла нисбати 24 корманди КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ва 12 хидматчии давлатӣ барои содир намудани ҷиноят дар мавриди вайронкунии қонунгузории замин парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, қариб ҳамаи онҳо аз вазифа озод карда шудаанд.

Ориф Хоҷазода дар ин робита номи раиси идараҳои кумитаи замин дар шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ, Носири Хисрав, Хуросон ва Панҷакент Авазалӣ Назарзода, Алихон Сафарзода, Бобокалон Маҳмадзиёд ва Ғолиб Муродзода ном бурд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон барои даст ба ҷиноят задан аз вазифа озод гардидаанд.

Инчунин, як муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинобар сабаби даст задан ба ҷиноят аз вазифа барканор шудааст.

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дақиқ нагуфт, ки онҳо асосан ба кадом ҷиноят даст задаанд, вале кӯтоҳ тасдиқ кард, ки ҳамаи онҳо “қонунгузории заминро вайрон кардаанд”.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи мо аз ин кумита ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, ки ҳамаи онҳо “ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ё заминфурӯшӣ” даст задаанд.

 

Ҷинояткорон дар рақамҳо

Ғайр аз ин, Ориф Хоҷазода оид ба ҷиноят ё “вайронкунии қонунгузории замин”, ки аз ҷониби кормандони зерсохтораш дар 4 соли охир рух додааст, иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз соли 2020 то кунун теъдоди зерини кормандони зертобеи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ба ҷиноят ё “вайронкунии қонунгузории замин” даст зада, аз вазифа озод гардидаанд:

– 6 директори КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар манотиқ;

– 9 муовини директори КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар манотиқ;

– 10 бақайдгирандаи КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар манотиқ;

– 102 мутахассиси КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар манотиқ;

Инчунин, 54 хидматчии давлатӣ аз вазифаи ишғолкардаашон барои даст ба ҷиноят ё “вайронкунии қонунгузории замин” задан аз вазифа озод гардиданд:

– 19 раиси Идораи кумитаи идораи замин;

– 12 муовини раиси Идораи кумитаи замин;

– 23 сармутахассис ва мутахассиси Идораи кумитаи замин;

Ғайр аз ин, давоми як моҳи ахир 6 директори корхонаҳои бақайдгирӣ бинобар доғи судӣ доштан аз вазифа озод карда шудаанд.

“Кумита ҳар ҳафта бо ҳама кормандонаш тариқи онлайн машварати корӣ баргузор менамояд, ки мавзӯи асосиаш даст назадан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва ҷиноятӣ аст”, – гуфт Ориф Хоҷазода.

 

Чӣ миқдор замин ғайриқонунӣ истифода шуд?

Ориф Хоҷазода ҳамчунин дар бораи чӣ миқдор замин бо қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ дод.

Ба гуфтаи раис, дар 6 моҳи аввали соли равон 7 ҳазору 330 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин (20 ҳазору 663 гектар) ошкор гардида, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 6 ҳазору 588 дастур дода шудааст.

Нисбати 6 ҳазору 634 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3 миллиону 992 ҳазору 371 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул шудааст, ки аз ин 2 миллиону 936 ҳазору 487 сомонӣ (74%) ба суратҳисоби махсуси кумитаҳои идораи замин ворид гардидааст.

Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 656 мавод ба додситонӣ ва 378 мавод барои ба таври маҷбури ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол шуда, 5 ҳазору 188 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин (ё 70%) (7 ҳазору 831 гектар) дар маҳал бартараф шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...